Пашинян: Нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон исрор карданд, ки ба сулҳ розӣ шавам


Никол Пашинян, сарвазири Арманистон дар пахши мустақим дар шабакаи Facebook гуфт, ки баъди тавсияи сарварони нерӯҳои мусаллаҳи кишвар дар бораи имзои созишномаи қатъи комили ҷанг дар Кӯҳистони Қаробоғ қарор кард.
Пашинян гуфт, “Баъди он, ки нерӯҳои мусаллаҳ исрор карданд, ки чунин қарорро қабул кунам, ман низ чунин қарор кардам. Шумо вазъиятеро тасаввур кунед, вақте, ки нерӯҳои мусаллаҳ мегӯянд, ки бояд биистӣ”.
Ҳамчунин, Пашинян таъкид кард, ки Арманистон дар умум ба ҷанг омода набуд.
Вай афзуд, “Захираи низомии мо самарбахш набуд. Барои иваз кардани нафароне, ки дар пеш ҷанг мекарданд, касе набуд. Онҳое, ки ҷанг мекарданд, бояд барои истироҳат имкон медоштанд. Дар пеш нафароне буданд, ки дар муддати як моҳ касе онҳоро иваз накард”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ