Фарзандро ба модараш баргардонданд

Оила узви асосии ҷамъият ба ҳисоб меравад. Агар оила тинҷу осоишта бошад, дар ҷамъият низ пешравӣ ва фаровонӣ мешавад.
Афсӯс, ки вақтҳои охир муаммоҳое монанди вайроншавии оилаҳо, тақдири фарзандҳо, дар оянда бо падар ё модар мондани онҳо ва таъминоти фарзандон бисёр ба гӯш мерасанд. Оилаи Ваҳобовҳо (аз Ургут) 10 сол пеш бо ниятҳои нек оила барпо карданд ва соҳиби 2 нафар фарзанд гаштанд. Онҳо ба ҷои шукронаи ин неъматҳо ва тарбияи комили фарзандон, аз сабаби нофаҳмии байниҳамдигарии оилааш пароканда гашт. Фарзандҳо бошад дар миёни роҳ сарсону саргардон монданд. Ғами онҳоро кӣ мехӯрдад?
Дар чунин вазъият модараш маҷбур ба суд муроҷиат кард. Дар натиҷа, суди ноҳияи Тайлоқ оид ба корҳои шаҳрвандӣ 2 нафар фарзанди ноболиғ О. Қиёмов (соли таваллудаш 2012) ва Н. Қиёмова (соли таваллудаш 2014) -ро барои баргардондан ба тарбияи модар қарор қабул кард. Ниҳоят 2 нафар фарзанди ноболиғ ба тарбияи модараш Ш. Раҳматова дода шуд.
Саволе пайдо мешавад, ки дар оила ҷойи падарро кӣ мегирад? Сад афсӯс, ки дар ҳаёт рӯ ба рӯ шудан бо чунин ҳолатҳои нохуш, манзараи аламовар аст.
Шӯъбаи бюрои иҷрои ҳатмии ноҳияи Ургут.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ