Пардохтро ба тарзи электронӣ амалӣ намудан мумкин аст

Мувофиқи Низоми Вазорати адлияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, ки 26-уми октябри соли ҷорӣ таҳти рақами 2156–3 аз рӯйхат гузаштааст, бо мақсади боз ҳам қулай гардонидан ба сайёҳон ва шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, ки бо воситаҳои нақлиёт ба мамлакатамон меоянд, як қатор иловаҳо дохил карда шуданд.
Имрӯз дар пости боҷхонаи дилхоҳ дар ҳоли бароварда гирифтани нусхаи «Маҷбуриятнома оиди баргардонда гирифтан ва баровардани воситаҳои автонақлиёт», инчунин ба ҳисоб гирифтани он, ки нусхаи электронии ҳуҷҷати мазкур дар ЯААТ «Авто» ҳифз карда мешавад, амалиёти ҳифзи нусхаи коғазии ҳуҷҷати дохилшавӣ ба пости боҷхона бекор мегардад.
Ҳамчунин, барои фароҳам овардани қулайиҳо ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, ки ба мамлакатамон меоянд, имконияти чопи «Маҷбуриятнома оиди баргардонда
гирифтан ва баровардани воситаҳои автонақлиёт» бо яке аз забонҳо – ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ ба вуҷуд оварда мешавад.
Барои бештар кардани муддати даровардани муваққатии автонақлиёт, ронандаи воситаи автонақлиёти хориҷӣ пеш аз тамом шудани муддати нишондода бояд ба Кумитаи давлатии боҷхонаи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон муроҷиат намояд, ё ин ки пардохтро ба таври электронӣ аз масофа амалӣ намояд.
Ҳангоми илова намудани ҳуҷҷати аз ҷониби бонки ваколатдор додашуда, ки пардохти дар Низом нишондодаро тасдиқ мекунад, муддати истифодаи автонақлиёт дароз карда мешавад.
Хизмати ахбори Садорати боҷхонаи вилояти Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ