Кӯҳистони Қаробоғ баъди ҷанг ҳафт ноҳияи худро аз даст медиҳад


Бар асоси созишномаи сулҳ, ки Озарбойҷон ва Арманистон имзо карданд, Боку 7 ноҳияи Кӯҳистони Қаробоғро ба зери назорати худ бармегардонад. Дар ин бора Мавлуд Човушоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия имрӯз дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Бино ба хабари Регнум, ӯ гуфт, “Чор ноҳия комилан ба Озарбойҷон дода мешавад, дар зимн, 4-тои онҳо ҳоло зери назорати Озарбойҷонанд”.
Ёдовар мешавем, ки Озарбойҷон ва Арманистон бо миёнаравии Русия дар бораи хотима бахшидан ба ҷанг тавофуқ карданд. Режими оташбас имрӯз аз соати 00.00 ҷорӣ шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ