«Динамо» бурд кард

Дирӯз бозиҳои навбати 16-и Про-Лигаи футболи Ӯзбекистон шуда гузашт. Клуби касбии футболи «Динамо»-и Самарқанд клуби «Нефтчи»-и Фарғонаро қабул карда, ба ҳисоби 2:0 бурд кард. Дар тайми аввал ҳисоби бозӣ кушода нашуд. Дар тайми дуюм бозингарони «Динамо» Ҳ.Аламхонов ва С.Нуруллоев ба дарвозаи «Нефтчи» тӯб дароварда, ғалабаи ҷамоаашонро таъмин намуданд. Бо ин ғалаба холҳои «Динамо» ба 25 расид. Ҳоло «Динамо» дар ҷойи 4-уми ҷадвали бозиҳо мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ