Сарони як қатор кишварҳо Ҷо Байденро ба муносибати пирӯзӣ дар интихобот табрик накардаанд. Чаро?

Ҷо Байден, ки худро барандаи интихоботи раисиҷумҳури ИМА эълон кард, аз сарони бисёри кишварҳо шодбошӣ гирифт. Дар ин пасманзар хомӯшии бархе, ки дар ирсоли паёмҳои шодбошӣ шитоб надоранд, бештар маънодорона ба назар мерасад.
Аз ҷумлаи роҳбароне, ки Байденро табрик накардаанд, сарони калонтарин кишвари Амрикои лотинӣ – Бразилия ва ҳамсояи ИМА – Мексика мебошад. Дар зимн агар роҳбари Бразилия, Болсонару ҳамеша аз Трамп истиқбол мекард, мексикоӣ Лопекс Обрадор намехоҳад густохӣ кунад ва бо сабабҳои шахсӣ мунтазири анҷоми тамоми расмиёт мемонад. Ҳанӯз 14 сол қабл пирӯзии раисиҷумҳури Мексикаро рабуда буданду роҳбарони бисёри кишварҳои хориҷӣ мунтазири натиҷаҳои расмӣ нашуда, рақибашро шодбошӣ карданд.
Байденро ҳанӯз Ким Чен Ин табрик накардааст, ки се бор бо Трамп мулоқот карда буд, Раҷаб Тайиб Эрдуғон низ, ки бо роҳбари феълӣ дар Кохи Сафед муносиботи хуб дорад, ҳанӯз хомӯш аст.
Аммо нисбатан хомӯшии Маскаву Пекин – Владимир Путин ва Си Ҷинпин маънидорона ба назар мерасад, ки дар табрики Байден шитоб надоранд. Ин дар ҳолест, ки дар арафаи интихобот бисёриҳо мегуфтанд, чиниҳо пирӯзии Байдену русҳо пирӯзии Трампро интизор доранд. Гӯиё дар Пекин аз мағлубияти Трамп, ки бо Чин ҷанги тиҷорӣ оғоз кард, хушнуд хоҳанд шуд. Аммо Си Ҷинпин ҳанӯз хомӯш аст ва дар Пекин мегӯянд, натоиҷи интихоботро дар пайи анҷоми расмиёти ҳуқуқии амрикоӣ қабул доранд. Бо назардошти он, ки кашмакашҳои додгоҳӣ тӯлонӣ мебошанд, Байден дақиқан то 78-солагияш, ки ҳудуди 10 рӯз пас таҷлил мекунад, табрикотро нахоҳад гирифт.
Хомӯшии Владимир Путинро дар The New York Times нишонаи он гуфтанд, ки дар Русия ба “муносиботи хасмҷӯёна” бо раисиҷумҳури нави ИМА омода мешаванд, чун Трампро дар соли 2016 ҳамагӣ чанд соат баъз аз эълони пирӯзӣ шодбош гуфта буд. Аммо ҳозир хомӯшист ва ин нишонаи солҳои вазнин дар муносиботи да кишвар мебошад, навиштааст The New York Times.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ