Дирӯз Қарори Президенти мамлакатамон «Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ аз рӯйи таъмини хӯрокхӯрии солими аҳолӣ» қабул гардид

Бино бар он, — аз 1-уми июни соли 2021 сар карда, бачаҳои 6-23 моҳа бо мақсади бойкунии хӯрокҳои дар шароити хона тайёршуда бо ордаки микронутриент; бачаҳои аз 6 моҳа то 5-сола бо витамини «А», бачаҳои 2-10-сола аз рӯйи профилактикаи гелминтоз бо доруҳои махсус бепул таъмин карда мешаванд; — аз 1-уми июни соли 2022 сар карда, занҳои ҳомиладор, занҳое, ки кӯдаки ширмакдор доранд ва бачаҳои 3-15-сола бо доруи йод, занҳои то 35-сола бо доруи оҳан ва кислотаи фолий бепул таъмин карда мешаванд; — аз 1-уми апрели соли 2021 сар карда, ба қатори орди навъи 1-и гандум орди навъи олии гандум ҳангоми бо микронутриентҳо бой гардондан ба реализатсия намудан ба ҳудуди мамлакат иҷозат дода мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ