Ягон муроҷиат бе ҷавоб намемонад

Дар боғи истироҳати барқароркунии саломатии вилоят, воқеъ дар ноҳияи Самарқанд бо сарварии ҳокими вилояти Самарқанд ва ҷонишини мушовири Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Алишер Усмонов, кормандони масъули прокуратураи генералии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, Суди Олӣ, як қатор вазорату кумитаҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ ва идораҳои минтақавӣ ва ғайраташриф фармуданд.

  • Бо мақсади робита бо аҳолӣ, шунидани мушкилоти онҳо, ҳалли мушкилоти онҳо, дар саросари кишвар чунин қабули сайёр баргузор карда мешавад, — гуфт дар аввали тадбир ҳангоми суханронияш муовини якуми мушовири Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон А.Усмонов. — Тақрибан 50 корманди вазорату идораҳои ҷумҳурӣ аз вилояти Тошканд ба вилояти Самарқанд омаданд. Мо се рӯз ба ҷойҳо рафта, муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро мешунавем ва ҳалли мушкилотро меёбем. Ягон муроҷиат бе ҷавоб намемонад.
    Пас аз он, А.Усмонов ва ҳокими вилояти Самарқанд Э.Турдимов, ҳамаи роҳбарони масъул аз пойтахт шаҳрвандонро қабул карда, муроҷиатҳои онҳоро гӯш карданд.
    Дар қабули сайёр аз тамоми ноҳияҳои вилоят шаҳрвандон бо муаммоҳои худ омада бо ҳокими вилоят ҳамсӯҳбат шуданд ва то қадри имкон масъалаҳо иҷобӣ ҳалли худро ёфт.
    Хусусан, муовини раиси Суди Олӣ И. Муслимов ва судяҳои Суди Олӣ барои сокинони ноҳияҳои Самарқанд, шаҳри Самарқанд, Паст Дарғом ва Нуробод қабули оммавӣ баргузор карданд.
    Он 98 шаҳрвандро қабул кард. Аз он ҷумла 21 муроҷиат дар ҷояш ҳалли худро ёфта, касоне ки бо сабабҳои ночизе ба ҷазо маҳкум карда шуда буданд аз ҷазо озод карда ва 14 шикоят аз рӯи парвандаҳои маъмурӣ қонеъ карда шуданд.
    27 шикоят барои баррасӣ дар Суди Олӣ қабул карда шуда, ба шикоятҳои боқимонда шарҳҳои дахлдори ҳуқуқӣ дода шуданд.
    Ҳангоми қабули сайёр як гурӯҳ шаҳрвандон аз маҳаллаи Чандирободи ноҳияи Пастдаргом ба ҷонишини раиси Кумитаи роҳҳои автомобилгард О.Ҷуманиёзов оид ба таъмири роҳҳои деҳот муроҷиат карданд. Пас аз баррасии масъала бо намояндагони минтақавии кумита, гузоштани шағал дар роҳи 400 метр дар кӯчаҳои “Ишонч” ва “Зилолбахт” оғоз ёфт.
    Ёдовар мешавем, ки ин қабул аз 10-ум то 13-уми ноябр идома медиҳад.

Дар байни онҳое, ки дар ин қабул ширкат мекарданд, 27 нафар пиронсолоне, ки солҳои зиёд умедвори гирифтани шаҳрвандии Ӯзбекистон буданд, шиносномаҳои давлатӣ супорида шуд.
Ҳокими вилоят онҳоро бо ин рӯзи хотирмон самимона табрик гуфт:
“Дар гузашта шаҳрвандӣ ба як нафар дар як сол дода мешуд. Агар вай ба кишвари мо хидмат карда бошад. Шахсони ҳуҷҷати шаҳрвандӣ надошта сертификати махсус доштанду ҳама вақт дар ҳама масъала ҳам ӯ ва ҳам оилааш сарсон буданд. Ҳоло дар тамоми гӯшаҳои Республика ҳуҷҷатҳои шаҳрвандӣ супорида мешавад. Ин албатта дар давлати мо будани фароҳдиливу нишонаи сиёсати одилонаи Президентамон мебошад. Бо гирифтани ин ҳуҷҷат ҳамаи шуморо боз як бори дигар табрик мекунад. Илоҳо, ҳамаи шумо ба бахтамон сиҳату саломат бошед!”
Дар ин чорабинӣ ҳамчунин 27 нафар шахсоне, ки дар тӯли солҳо шаҳрвандии Ҷумҳурияти Ӯзбекистонро гирифтан мехостанд, аз ҷониби ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ба онҳо ҳуҷҷати шаҳрвандӣ супорида шуд.

  • Ман дар Самарқанд зиндагӣ мекунам, фарзандон ва набераҳо дорам, аммо то имрӯз ман шаҳрванди Ӯзбекистон набудам. Имрӯз, пас аз 26-сол, дар синни 60-солагӣ ба ман насиб шуд, ки шиноснома гирам. Ман барои ин аз Президентамон миннатдорам, — гуфт яке аз иштироккунандагони ҷанги Афғонистону Тоҷикистон С.Азиммуродов.
  • Соли 1993 мо аз Тоҷикистон ба Самарқанд омада будем. Аммо пас аз 27-соли интизорӣ ман ҳам низ ҳуҷҷати шаҳрвандии Ӯзбекистонро мегирам, — мегӯяд Маҳбуба Неъматова. – Барои ин аз Президенти мӯҳтарамамон Шавкат Мирзиёев сипосгузорам. Ман ҳамчун эҷодкор кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки бо қалами худ барои гул-гул шукуфони кишвари ҷонаҷонам — Ӯзбекистон хидмат кунам.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ