Ҳокими вилоят Э. Турдимов рӯзи 11 — уми ноябр » Дар бораи даъвати сессияи ҳабдаҳуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд даъвати шашум» қарор қабул кард

.

Дар он муайян шудааст, ки сессияи ҳабдаҳуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд 18 — уми ноябри соли 2020 дар соати 9:00 даъват карда мешавад.

Ба рӯзномаи сессия масъалаҳои зерин дохил карда шуданд:

-ҳисоботи ҳокими ноҳияи Пастдарғам Ш. Худойбердиев дар бораи иҷрои барномаи ривоҷдиҳии иҷтимоӣ — иқтисодӣ ноҳияи Пастдарғам дар соли 2020;

  • тақдимоти сардори Садорати ҳавзаи сохторҳои обёрӣ( ирригатсия) — и » Зарафшон» Ф. Раҷабов дар бораи лоиҳаҳои сохтмон ва таъмири объектҳои ирригатсия ва мелиоратсия, инчунин таъмир ва барқарор кардани объектҳои мелиоратсия ва ҳисоботи ӯ роҷеъ ба ҳолати ҷорӣ кардани технологияҳои сарфакунандаи об барои ривоҷдиҳии хоҷагии қишлоқ ва иҷрои вазифаҳо дар ин самтҳо дар солҳои 2021 — 2023;
  • дар бораи вазъи корҳое, ки дар вилоят роҷеъ ба ҳифзи саломатии модарон ва бачаҳо, таъмини таваллуди кӯдаки солим амалӣ карда мешаванд;
  • дар бораи интихоби номзадҳо ба ордени » Фахрий мураббий»(» Мураббии фахрӣ»), омӯхтану баҳодиҳӣ ба фаъолияти онҳо ва баррасии номзадҳое, ки комиссияи интихобии вилояти Самарқанд пешниҳод кардааст;

муайян кардани муддати ниҳоии ба амал даромадани лоиҳаҳои инвеститсионӣ роҷеъ ба қитъаҳои заминҳое, ки дар ҳоли муайян шудани маҷбуриятҳои инвеститсионӣ ва иҷтимоӣ дода шудаанд, инчунин таҳлили лоиҳаҳое, ки маҷбуриятҳои инвеститсиониро саривақт иҷро накардаанд;

масъалаҳои дигар.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ