Аз рӯйи коронавирус антирекорди нав қайд гардид

Дар ҳафтаи охирин дар дунё шумораи одамони ба коронавирус мубталогашта аз 3,6 миллион гузашт. Ин аз вақти саршавии пандемия нишондоди баланд аст. Дар ин бора дирӯз дар Женева Ташкилоти ҷаҳонии ҳифзи тандурустӣ маълум кард. Шумораи беморони дар ҳафтаи гузашта фавтида бошад, аз 54000 гузаштааст. Ин нисбати ҳафтаи пешина ба 9000 зиёд аст. Таъкид гардидааст, ки ҳолатҳои зиёди беморшавӣ ба минтақаи Аврупо рост омадааст. Аз 26-уми октябр то 1-уми ноябр беш аз 3,3 миллион ҳолати зарарёбӣ аз вирус аниқ гардидааст. Дар дунё то ин вақт беш аз 52 миллион нафар ба коронавирус мубтало шуданд. Зиёда аз 1, 2 миллион нафар бемор қурбони бемории коронавирус шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ