Шавкат Мирзиёев бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ дидор кард


Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон имрӯз, 11 ноябр бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси шӯрои олии сулҳи миллии Афғонистон дар Тошканд мулоқот кард.
Дар мулоқот роҳҳои дипломатикии ҳалли низои дохилии Афғонистон баррасӣ шуд.
Мирзиёев гуфт, ки дар солҳои охир робитаҳои Афғонистон ва Ӯзбекистон бо суръати боло рушд мекунад.
Раисҷумҳури кишварамон таъкид кард, ки Ӯзбекистон барои иштирок дар лоиҳаҳои минтақаӣ дар Афғонистон омода аст.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Мирзиёев сипосгузорӣ кард ва ба кӯшишҳои Ӯзбекистон барои оғози музокираҳои ҳукумати Афғонистон ва Толибон баҳои баланд дод.
Тарафҳо дар мулоқот дар бобати масъалаҳои сиёсати байналмилалӣ низ табодули афкор карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ