Ӯзбекистон барои коҳиш додани камбағалӣ таҷрубаи Чинро меомӯзад


Имрӯз дар мавзӯъи пешниҳодҳои Шавкати Мирзиёев дар ҷамъомади Созмони ҳамкории Шанхай нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Дар ин нишаст Акмал Саидов, муовини якуми раиси Маҷлиси қонунгузории порлумон маълум кард, ки Ӯзбекистон барои коҳиш додани камбағалӣ таҷрубаи Чинро меомӯзад.
Ӯ гуфт, “Ба фикри ман, таъсиси вазорати камбағалӣ ва омӯхтани таҷрубаи Чин, ки раисҷумҳури мо бисёр такрор мекунанд, муҳим аст. Чин тавонист, ки 1,5 миллиард аҳолиро сер ва тамоми ҷаҳонро бо биринҷ таъмин кунад. Ҳамчунин, дар ҷаҳон бозичаҳои кӯдакон ва беҳтарин либосҳо низ моли Чин ҳастанд”.
Саидов афзуд, “Ман ба Чин бисёр рафтаам, одамони он ҷо ба далели набудани хобгоҳ ба навбат хоб мекунанд. Касе дар оила рӯзона кор кунад, шабона хоб меравад, касе, ки шаб кор мекунад, дар ҳамон ҷо рӯзона хоб меравад. Аммо, Чин аз ҷиҳати боло бурдани сатҳи зиндагӣ ва аз байн бурдани бенавоӣ комёбиҳои назаррасро ба даст овардааст. Ба ҳамин далел, ман фикр мекунам, ки мо барои таҳияи дастури мубориза бо бенавоӣ бояд ба таҷрубаи ин кишвар эътибор диҳем”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ