Қудратилло Рафиқов дубора раиси шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касаба интихоб шуд


Дар ҷамъомади ҳаштумини шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касаба Қудратилло Рафиқов дубора раиси ин муассиса интихоб шуд. Дар ин бора маркази матбуотии федератсия хабар дод.
Дар ин ҷамъомад Абдулло Орипов, сарвазири кишвар низ иштирок кард.
Қудратилло Рафиқов соли 1947 таваллуд шудааст. Ӯ солҳои 1993-1998 муовини раиси шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касаба буд. соли 2016 Рафиқовро раиси шӯрои федератсия интихоб карданд.
Рафиқов сенатор ва узви кумитаи масъалаҳои ҷавонон, маданият ва варзиши Сенат аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ