Ҷоми футболи Осиё дар миёни ҷавонони зери синни 19 соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад


Рӯзҳои 3-20 марти соли 2021 дар Ӯзбекистон мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё дар миёни ҷавонони зери синни 19 баргузор мешавад. Ин хабарро Конфедератсияи футболи Осиё эълон кард.
Ин мусобиқа бояд дар моҳи октябр дар Ӯзбекистон барпо мешуд. Вале, пандемияи коронавирус боиси ба таъхир афтодани муддати баргузории мусобиқа шуд.
иштироккунандагони мусобиқа ба ин тартиб ба гурӯҳҳо тақсим шудаанд:
Гурӯҳи «A»: ЎЗБЕКИСТОН, Индонезия, Камбодҷа, Эрон.
Гурӯҳи «B»: Кореяи Ҷанубӣ, Япония, Ироқ, Баҳрайн.
Гурӯҳи «C»: Арабистони Саъудӣ, Австралия, Ветнам, Лаос.
Гурӯҳи «D»: Қатар, Тоҷикистон, Малайзия, Яман.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ