Дар Маскав ҷашнвораи “Рождество” ва арчаи солинавиро бекор карданд


Имсол ба далели вазъияти эпидемиологӣ дар Маскав ҷашнвораи “Саёҳат ба Рождество” барпо намешавад. Ҳамчунин, арчаи солинавӣ низ имсол дар речаи ҳокимияти шаҳри Маскав нест. Дар ин бора “МИР 24” хабар дод.
Вале, барои эҳсос шудани фазои солинавӣ кӯчаҳову хиёбонҳои пойтахти Русияро ороиш медиҳанд.
Ҳамчунин, фаъолияти майдонҳои яхмолакбозии Маскав қатъ намегардад. Онҳо бар асоси талаботи қатъӣ кори худро идома медиҳанд.
Чанде пеш расонаҳо хабар дода буданд, ки аз 13 ноябр музейҳои Маскав баргузории намоишҳоро муваққатан бас мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ