Музди роҳбарони синфҳо зиёд шуд


Бар асоси фармони раисҷумҳури Ӯзбекистон, аз 1 ноябр музди иловагӣ барои роҳбарони синф дар мактабҳо зиёд шуд. Дар ин бора вазорати таълими халқ хабар дод.
Ҳаҷми пардохти иловагӣ барои роҳбарии синфҳо ба ин тартиб афзоиш ёфт:
Барои синнфҳо то 15-нафарӣ – 179 343 сўм (26,4 дарсад);
Барои синфҳои 16-20 нафарӣ – 214 668 сўм (31,6 дарсад);
Барои синфҳои 21-25 нафарӣ – 250 673 сўм (36,9 дарсад);
Барои синфҳои 26-30 нафарӣ – 285 998 сўм (42,1 дарсад);
Барои синфҳои 31 нафарӣ ва боло аз он – 358 686 сўм (52,8 дарсад).
Музди иловагии роҳбарони синф дар ҳама муассисаҳои таълими умумӣ, аз ҷумла мактаб-интернатҳо афзоиш меёбад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ