Антирекорди нав: Дар як рӯз дар ИМА беш аз 145 ҳазор мубталои коронавирус сабт шуданд


Рӯзи 11 ноябр дар ИМА 145 835 ҳазор нафар ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд. То ҳол дар як шабонарӯз дар ИМА ба ин ҳад шумори зиёди беморони нав мушоҳида нашуда буд.
Бояд гуфт, паиҳам 9 рӯз мешавад, ки шумори мубталоёни шабонарӯзии коронавирус дар ИМА беш аз 145 нафарро ташкил медиҳад. Ҳоло шумори умумии мубталоёни коронавирус дар ин кишвар беш аз 10,7 миллион нафар аст.
Бино ба хабари The Washington Post, дар ин рӯз 1549 ҳазор нафар бар асари коронавирус фавтиданд. Ин омор (статистика) аз миёнаҳои май то ба имрӯз натиҷаи рекордӣ аст. Шумори умумии қурбониёни вирус ба 247 ҳазор нафар расидааст.
Техас якумин иёлат шуд, ки беш аз 1 миллион нафар аҳолиаш мубталои коронавирус шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ