Зеленский дар бемористон бистарӣ шуд


Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, ки чанде пеш мубталои коронавирус шуда буд, ҳоло дар бемористон аст. Дар ин бора Михаил Подоляк, намояндаи раиси дастгоҳи раисҷумҳурӣ маълум кардааст.
Бино ба хабари “Украинская Правда”, Андрей Ермак, раиси дастгоҳи раисҷумҳурӣ низ ҳам мубталои коронавирус шудааст. Зеленский ва Ермак ҳоло дар бемористони Феофания муолиҷа мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки Владимир Зеленский рӯзи 9 ноябр дар бораи мубталои коронавирус шуданаш хабар дод. Гирифтори коронавирус будани Андрей Ермак низ дар ҳамон рӯз маълум шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ