Раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ вазири таълими Ӯзбекистонро бо нишони махсус сарафроз кард


Бо фамони Мун Чжэ Ин, раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ Аргриппина Шин, вазири таълими томактабии Ӯзбекистон бо нишони “Барои хидматҳои дипломатикии байнидавлатӣ”-и Ҷумҳурии Корея сарафроз шуд.
Рӯзи 10 ноябри соли ҷорӣ дар Тошканд маросими тақдими ин нишон ба Аргриппина Шин баргузор шуд. Дар маросим Кан Чжэ Квон, сафири Корея да Ӯзбекистон, консул Ким Мун Чжэ ва ғайраҳо иштирок карданд.
Шин гуфт, “Ба ман шараф аст, ки барои саҳмгузорӣ дар рушду таҳкими дӯстӣ дар миёни кишварҳоямон сазовори мукофоти олии раисҷумҳури Корея шудам. Ин нишон барои фаъолияти минбаъдии ман боз як рағбати дигаре гардид”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ