Идомаи “рекордшиканӣ”: Шумори мубталоёни якрӯзаи коронавирус дар ИМА ба 153 ҳазор расид


Рӯзи 12 ноябр дар ИМА 153 496 ҳазор ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд. Дар ин бора пажӯҳишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс хабар дод.
Ин шумори рекордӣ аст.
То ҳол дар ИМА 10 557 451 ҳолати сирояти коронавирус сабт шудааст. 242 436 нафар амрикоӣ қурбони вирус шуданд.
Ёдовар мешавем, ИМА аз рӯи паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон кишвари аввал аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ