Навоӣ бо забони форсӣ-тоҷикӣ чӣ хел асарҳо офаридааст?

Алишер Навоӣ бо асарҳои пурбори тоҷикӣ-форсии худ ба рушди адабиёти тоҷик ҳиссаи арзанда гузоштааст ва яке аз намояндагони ин адабиёт ба шумор меравад. Ӯро ҳоло дар Тоҷикистон ба сифати ҳомии ғамхор ва шоири зуллисонайн эътироф ва эҳтиром мекунанд.
Ба таъбири суханвари бузурги Шарқ ва муҳаққиқи пурмаҳсул Садриддин Айнӣ “хидматҳои Навоӣ дар роҳи рушди адабиёти тоҷик серҷабҳа” буда, онҳоро дар самтҳои зерин омӯхтан мумкин:
– Алишер Навоӣ ва тарғиби адабиёти тоҷик.
– Мероси ғанӣ ва рангоранги тоҷикии Алишер Навоӣ.
– Аҳли илму адаби тоҷикро сарпарастӣ кардани Алишер Навоӣ.
– Таъсири Алишер Навоӣ ба адабиёти тоҷик.
– Алишер Навоӣ – тарҷумони адабиёти тоҷик.
Алишер Навоӣ забон ва адабиёти тоҷикро мукаммал медонист. Мо инро дар асари “Муҳокамат-ул-луғатайн”-и ӯ мушоҳида мекунем, ки ду забонро қиёсан таҳлил кардааст. Бинобар эътирофи худаш девони форсии машҳуре, ки ӯ мутолиа накарда бошад, кам мондааст. Ин шахсияти барҷаста, ки дар рӯҳияи адабиёти тоҷик парвариш ёфтааст, нахустин шеърҳои дар 3-4-солагӣ ёдкардааш ҳам, аввалин машқҳои шеъриаш ҳам бо забони тоҷикӣ будааст. Ӯ дар синни панҷ-шаш солагӣ маснавии “Мантиқ-ут-тайр”-и шоири мутасаввиф Атторро, ки ба 500 ҳазор байт наздик аст, аз ёд медонист.
Бинобар таъкиди худи Навоӣ дар муддати беш аз сӣ сол шоирони тоҷик асарҳои худро назди ӯ оварда, маслиҳат мепурсиданд, таҳрир кардани намунаҳои эҷодиёти худро хоҳиш менамуданд. Ҳатто Абдураҳмони Ҷомӣ ҳам ҳар чизе, ки нависад, нахуст ба Навоӣ нишон дода, маслиҳат мегирифт. Дар навбати худ Навоӣ низ ин корро мекард. Боз дар бисёр баҳсу мунозираҳое, ки оиди асарҳои шоирони форс-тоҷик сурат мегирифтанд, доварӣ карда, бурд намудааст. Ба қасидаи маснӯъи машҳури Салмони Соваҷӣ ҷавоб навиштааст ва ба воситаи санъати тарсеъ рубоӣ офаридааст.
Алишер Навоӣ барои рушди адабиёти туркии ӯзбекӣ, муайян кардани мақоми ба худ хоси он бисёр ҳаракат намудааст, барои ба туркӣ навиштан дигаронро даъват карда, саъю кӯшишҳои дар ин роҳ амалишавандаро дастгирӣ намуда, худи ӯ намунаҳои барҷастаи бадеии ин адабиётро ба вуҷуд оварда, ба адабиёти форс-тоҷик ҳеч гоҳ бо чашми бегона нанигаристааст, баръакс онро ба сифати яке аз беҳтарин адабиёти ҷаҳон эътироф карда, барои дар адабиёти туркӣ ҷорӣ кардани анъана ва таҷрибаҳои пешқадами он саъй намудааст. Осори намояндагони бузурги ин адабиёт, мисли Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Фаридуддин Аттор, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҷалолуддини Балхии Румӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ барои ӯ намуна будааст. Таснифи шоирон дар «Маҳбуб-ул-қулуб» аз эҷодиёти ҳамаи намояндагони машҳури адабиёти форсӣ хабардор будани ӯро нишон медиҳад.
Маълум аст, Алишер Навоӣ, ки ҳанӯз аз 15-солагӣ ба сифати шоири зуллисонайн шинохта шуда буд, дар баробари забони туркии ӯзбекӣ ба забони форсии тоҷикӣ низ бо тахаллуси Фонӣ пурсамар эҷод намудааст. Сабаби якуми ба забони форсии тоҷикӣ эҷод кардани ӯ таъсири суханварони форс-тоҷик бошад, дуюмаш ин аст, ки дар асри XV мавқеи ҳукмронии забони форсӣ ба сифати забони расмӣ ва адабӣ буд, сеюм, гуфтан мумкин аст, ки бо забони форсӣ ҳам эҷод намуда, мехост собит намояд, ки дар ин бобат низ тасаллут дорад. Шоир дар бораи ба ду забон асар навиштани худ ишора карда мегӯяд, ки гӯё дар бозори сухан як тараф дӯкони шириниву як сӯ заргарӣ ифтитоҳ намудааст:
Маънии ширину рангинам ба туркӣ
беҳад аст,
Форсӣ ҳам лаълу дурҳои самин,
гар бингарӣ.
Гӯиё дар раста бозори сухан бикшодаам
Як тараф дӯкони қаннодиву як сӯ заргарӣ.
Навоӣ баъди тартиб додани “Хазоин-ул-маонӣ” солҳои 1495-1500 намунаҳои осори форсӣ-тоҷикиашро ҳам ҷамъоварӣ намуда, “Девони Фонӣ”-ро тартиб медиҳад. Он аз 552 ғазал, 1 мусаддас, 1 марсия-таркиббанд, 73 қитъа, 72 рубоӣ, 16 таърих, 9 луғз (чистон), 373 муаммо иборат аст. Аксарияти ғазалҳо татаббӯъҳое мебошанд, ки ба ашъори шоирони машҳури форс-тоҷик баста шудаанд. Аз ҷумла, шоир ба 237 ғазали Хоҷа Ҳофиз, 52 ғазали Ҷомӣ, 33 ғазали Амир Хусрав, 25 ғазали Саъдӣ ва шоирони дигар татаббӯъ кардааст.

Навоӣ дар “Девони Фонӣ” ба ғазалҳои форсии худ таҳти унвонҳои “Мухтареъ”, “Ихтироъ” сарлавҳа гузоштааст, ки миқдори онҳо аз 50 адад беш аст. Мавҷудияти 7 нусхаи девони форсии Навоӣ нишондиҳандаи он аст, ки байни халқ васеъ паҳн шуда будааст.
Татаббӯъҳои Алишер Навоиро набояд ба он тарз фаҳмид, ки ӯ аз эҷодиёти салафони худ илҳом гирифта, таҳти таъсири онҳо ғазалҳои монанд офарида бошад. Навоӣ ғазалҳои беҳтарини симоҳои пешқадами адабиёти форс-тоҷикро интихоб намуда, дар ҳамон вазн, қофия ва радиф мавзӯи баёнкардаи онҳоро идома медиҳад, бо нерӯи тафаккури амиқ ва салоҳияти шоирии нотакрор паҳлуҳои нави мавзӯъро кушода медиҳад.
Ба ҷуз ин, Навоӣ бо забони форсии тоҷикӣ ду маҷмӯаи қасида ҳам тартиб додааст. Яке аз онҳо “Ситтаи зарурия” ном дошта, 6 қасидаро дар бар мегирад: 1. “Рӯҳ-ул-қудс” — 132 байт. 2. “Айн-ул-ҳаёт” — 106 байт. 3. «Туҳфат- ул-афкор” — 99 байт. 4. “Қут-ул-қулуб” — 120 байт. 5. “Минҳоҷ-ун-наҷот” — 138 байт. 6. “Насим-ул-хулд” — 129 байт. Маҷмӯаи қасидаҳои “Фусули арбаъа” бошад, аз 4 қасида иборат аст, ки ба фаслҳои сол бахшида шудаанд: 1. “Саратон” — 71 байт. 2. “Хазон” — 33 байт. 3. “Баҳор” — 57 байт. 4. “Дай” — 70 байт.
Дар назми классикии форс-тоҷик қасида мақоми баланд дошта, он мизони муҳими нишондиҳандаи салоҳияти шоир будааст. Қасида танҳо аз мадҳу санои шоҳону амалдорон иборат набуда, дар мавзӯъҳои фалсафиву ирфонӣ, ахлоқиву таълимӣ низ намунаҳои нодири жанри мазкур офарида шудаанд.
Дар “Туҳфат-ул-афкор”, ки дорои тафаккури амиқ ва тахайюли нозук мебошад, Навоӣ бинобар эътирофи ҳамаи ҳамзамонони худ доди сухан ва маъниро дода, фасоҳатро ба авҷи аъло расонидааст ва ин қасида қуллаи баланди истеъдоди шоирии ӯ ва гавҳари қиматбаҳои садафи шеъри форсии тоҷикӣ ба шумор меравад.
Асари “Муфрадот” (Рисола дар бораи муаммо) соли 1485 таълиф гардида, оиди назарияи муаммо мебошад. Ба сабаби он ки дар он услуб ва амалҳои гуногуни муаммо содда ва фаҳмо баён карда шудаанд, шуҳрати зиёд касб намудааст. Абдураҳмони Ҷомӣ ба ин асар баҳои баланд дода, ба писараш Зиёвуддин Юсуф онро ба сифати китоби дарсӣ тавсия кардааст.
Мероси форсии Алишер Навоӣ аз ҷониби ҳамзамонони машҳури ӯ мисли Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдуллоҳи Ҳотифӣ, Камолиддини Биноӣ, Давлатшоҳи Самарқандӣ, Ғиёсиддини Хондамир, Фахрии Ҳиравӣ, Аҳлии Шерозӣ баланд арзёбӣ шудааст. Аз ҷумла, Абдураҳмони Ҷомӣ дар хотимаи “Ҳафт авранг” ба истеъдод ва маҳорати Навоӣ баҳои баланд дода, таъкид мекунад, ки ӯ ба панҷаи Низомии Ганҷавӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ муносиб панҷа зада тавонист.
Ки гар будӣ он ҳам ба назми дарӣ,
Намондӣ маҷоли сухангустарӣ.
Ба мизони он назми муъҷазнизом
Низомӣ кӣ будию Хусрав кадом?
“Хамса”-и Алишер Навоӣ фақат пайравии салафҳо, таъсирпазирӣ аз онҳо ва қувваозмоӣ набуда, балки намунаи нави такмилёфтаи “Хамса”-ро ба майдони сухан гузоштан ҳам буд.
Маълум аст, дар нимаи дувуми асри XV дар Ҳирот адабиёт, санъат, маданият, илму фан ривоҷ ёфт. Дар ин бобат саҳми Навоӣ ба сифати арбоби давлатӣ калон аст. Олимоне чун Мирхонд, Атоуллоҳи Ҳусайнӣ, Мавлоно Фасеҳиддин, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Абдураззоқи Самарқандӣ, Давлатшоҳи Самарқандӣ, Хондамир, шоироне мисли Мавлоно Осафӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Зайниддини Восифӣ, Абдуллои Ҳотифӣ, котибоне чун Султоналии Машҳадӣ, рассом ва наққошоне мисли Камолиддини Беҳзод, Қосим Алии Чеҳракушо, Шоҳ Музаффар, Хоҷа Мираки Наққош, Мавлоно Муҳаммади Исфаҳонӣ, созандагоне аз қабили Шоҳқули Ғиҷҷакӣ, Абдулқодири Ноӣ, Ҳусайни Удӣ, Дарвеш Аҳмади Қонунӣ, табибоне мисли Абдулҳайтабиб, Мавлоно Ҳаким, Дарвешалии табиб, мунаҷҷимоне мисли Мавлоно Кавкабӣ, Хоҷа Авҳади Муставфӣ, Муҳаммади Олим ва бисёр мутахассисони соҳаҳои дигар таҳти сарпарастии Навоӣ зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Чунончи, ӯ ба донишманди шеърияти мумтози Шарқ Атоуллоҳи Ҳусайнӣ хонаи ҳашаматнокеро аз ҷойи хушбоду ҳавои Ҳирот туҳфа мекунад. Барои навиштани асари таърихии “Равзат-ус-сафо”, ки аз ҳафт ҷилд иборат аст, барои Мирхонд ҳама шароитро фароҳам месозад — хонаи худро, ки дорои китобхонаи калон буда, дар хонақоҳи “Халосия” ҷойгир шуда буд, бо асбоби навишт ҷиҳозонида, ба ихтиёри ин муаррихи забардаст мегузорад.

Садриддин Айнӣ дар тадқиқоти ба Алишери Навоӣ бахшидаи худ 46 асарро ном ба ном зикр мекунад, ки бо ташаббуси ин шоири бузург офарида ва ба ӯ бахшида шудаанд. Танҳо Ҷомӣ бинобар илтимоси Навоӣ ё бахшида ба ӯ 27 асар навиштааст. Дар ин бобат худи ӯ дар муқаддимаи ин асарҳояш таъкид мекунад.
Алишер Навоӣ аз устодони суханвари пешин дарси маҳорат омӯхта, дурдонаҳои нотакрори бадеӣ офаридааст. Бо шурӯъ аз ҳамзамонҳояш, мисли Давлатшоҳи Самарқандӣ, Мавлоно Осафӣ, Камолиддини Биноӣ, Зайниддини Восифӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Абдуллои Ҳотифӣ, Аҳлии Шерозӣ, ҳамаи шоирони асрҳои баъдӣ аз ин шоири бузург дарси маҳорат омӯхтанд, ба ӯ пайравӣ намуда, ба ду забон эҷод карда, анъанаи зуллисонайниро ривоҷ доданд. Шоирони муҳити адабии Самарқанд, Бухоро, Хева, Қӯқанд, Хуҷанд, аз ҷумла, Навоиро ба худ устод ва дар роҳи эҷод раҳнамо донистаанд. Ба назар мерасад, ки то Навоӣ ва дар замони ӯ эҷодкорони ӯзбек таҳти таъсири шоирони тоҷик ба забони форсии тоҷикӣ ҳам асар эҷод карда бошанд, пас аз Навоӣ бо таъсири ӯ байни шоирони тоҷик туркигӯйҳо пайдо шуданд. Онҳо ба бисёр ғазалҳои Навоӣ татаббӯъ навишта, мухаммасҳо бастаанд. Аксарияти ин шоирон ба ду забон девон ҳам тартиб додаанд. Аз ин рӯ, онҳо ба таври ҳаққонӣ намояндагони ду адабиёт ба шумор мераванд.
Алишер Навоӣ натанҳо шоири сермаҳсул ва забардаст мебошад, балки инсони донишманд, нозуктабъ ва адабиётшиноси сахтгир ҳам буд. Тазкираи “Маҷолис-ун-нафоис”-и ӯ, ки ба сифати адабиётшинос ба муҳити адабии асри XV ва намояндагони он баҳо додани муаллифро дар худ инъикос намудааст ва айни замон дар бораи тараққиёти жанрҳо низ маълумот медиҳад, ба таъбири Садриддин Айнӣ «бо вуҷуди ба забони ӯзбекӣ навишта шудан, манбаи асосии таърихи адабиёти тоҷик дар асри XV низ мебошад». Дар асари мазкур, ки аз муқаддима ва 8 қисм иборат аст, муаллиф дар бораи 459 нафар шоири пеш аз худ гузашта, бо ӯ дар як давр зиста ва ҷавон (39 нафари онҳо ба забони туркӣ эҷод кардаанд) маълумот дода, аз ашъори машҳур ва мукаммали онҳо иқтибос меорад. Баҳоҳои мухтасари Навоӣ моҳият ва самтҳои асосии эҷодиёти ин ё он шоирро муайян менамояд. Асосан, ба воситаи “Маҷолис-ун-нафоис” расида омадани маълумотҳо дар бораи аксарияти ин шоирон қимати онро ба сифати манбаи адабӣ меафзояд. Барои ҳамин ҳам, асари мазкур танҳо дар асри XVI се маротиба ба форсӣ тарҷума шудааст. “Маҷолис-ун-нафоис” ба тазкираҳои баъдӣ таъсири калон гузошт.
Алишери Навоӣ аз он ки дар тазкираи “Маҷолис-ун-нафоис” дар бораи бисёр шоирони форс-тоҷик маълумот ва ба эҷодиёти онҳо баҳо дода, дар пандномаи “Маҳбуб-ул-қулуб” ҳамаи шоирони машҳури то замони худ гузаштаи таърихи адабиёти форс-тоҷикро бинобар самти эҷодиашон тасниф карда, дар бобати ҳаёт ва эҷодиёти Ҷомӣ таҳти унвони “Хамсат-ул-мутаҳаййирин” асари махсус навишта, дар тазкираи “Насоим-ул-муҳаббат”, достонҳои “Хамса” ва як қатор асарҳои дигари худ ба эҷодиёти суханварони забардасти форс-тоҷик мисли Абулқосими Фирдавсӣ, Ҳаким Саноӣ, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Фаридуддини Аттор, Ҷалолуддини Балхии Румӣ, Фахриддини Ироқӣ, Маҳмуди Шабистарӣ, Мавлоно Ашраф, Хоҷуи Кирмонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ муносибат баён кардааст, дар адабиётшиносии форс-тоҷик ҳам мавқеи ба худ хос дорад.
Алишер Навоӣ яке аз тарҷумонҳои ӯзбеки адабиёти форс-тоҷик ҳам ба шумор меравад. Тарҷумаи осори Абдураҳмони Ҷомиро дар замони худ айнан ӯ оғоз ниҳода буд. Бо мақсади туркзабононро ҳам баҳраманд кардан аз тазкираи “Нафаҳот-ул-унс мин ҳазарот-ул-қудс”, ки бо пешниҳоди худи Навоӣ солҳои 1476-1478 аз ҷониби устод ва дӯсташ Ҷомӣ дар бобати ҳаёт ва фаъолияти шайхону валиён навишта шудааст, ба забони туркӣ баргардондани онро ният мекунад. Дар ҷараёни тарҷума зикри 154 машоихи ҳинд, турк ва форс илова мешавад, дар натиҷа дар “Нафаҳот-ул-унс” дар бораи 616 нафар шайх-ул-машоих маълумот дода шуда бошад, дар “Насоим-ул-муҳаббат” миқдори онҳо ба 770 нафар мерасад. Ҳамчунин, ӯ “Чил ҳадис”-и Ҷомиро низ, ки аз талқини назмии чил ҳадиси оид ба одобу ахлоқ иборат аст, бо ризоияти устоди худ бо номи “Арбаин” тарҷума мекунад.

Маълум мешавад, ки хидматҳои Алишер Навоӣ барои рушди адабиёти форс-тоҷик назаррас аст. Бинобар мероси форсии ӯ донишмандони ду халқ мисли Садриддин Айнӣ, Абдурауфи Фитрат, Ҳамид Сулаймон, Абдулғанӣ Мирзоев, Шоислом Шомуҳамедов, Эргашалӣ Шодиев, Содирхон Эркинов, Ботир Валихӯҷаев, Раҳмонқул Орзибеков, Ёқубҷон Исҳоқов, Аҳмад Абдуллоев, Наҷмиддин Комилов, Абдусалом Абдуқодиров, Алишер Шомуҳамедов ба ин ё он дараҷа тадқиқот бурда бошанд ҳам, ин мероси бузург дар ҳолати яклухтӣ омӯхта, ба таври бояду шояд арзёбӣ нагардидааст.

Эргаш ОЧИЛОВ,
номзади илмҳои филологӣ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ