Адади нашр зиёд шавад

Рӯзномаи «Овози Самарқанд» яке аз рӯзномаҳои дӯстдоштаи ман аст. 30 сол боз мардуми маҳаллӣ ба воситаи ин газетаи дилписанд, аз навигариҳои ҳаёти вилоят бохабар шуда, бо намунаҳои маънавияти гузашта ва ҳозира ошно мешаванд.
«Овози Самарқанд» – овози тоҷикон аст. Мо тоҷикзабонони Самарқанд аз чунин як рӯзномаи рангин доштанамон фахр мекунем. Он ҳафтае ду маротиба меҳмони хонадони мо мешавад. Бо мутолиаи он дониш, фаҳмиши мо боз меафзояд ва лаззат мебарем.
Кормандони газета шабу рӯз кӯшиш доранд, ки ҳар як шумораи онро боз ҳам пурмазмун, шавқовар, фаҳмотар намуда, ба мухлисон расонанд. Саҳифаҳои он дорои рукнҳои гуногунанд.
– Масалан, «Муносибат», «Илҳом», «Пажӯҳишҳо», «Шифохонаи табиат», «Мероси ниёгон», «Маҳалла», «Варзиш», «Андарзи бузургон», тарҷумаи асарҳои классикони ҷаҳон ва ғайра мавҷуданд, ки ҳар яки онҳо хонандаи худро дорад.
Ман мехостам, ки нашрияи «Овози Самарқанд» аз соли нав боз ҳам зебо, бо рукнҳои нав ба нав чоп шавад. Он ба хонанда бе хато ва дар вақташ рафта расад. Илоҳо, адади нашр аз ин ҳам зиёд шавад.
Ҳамаи масъулони газетаро бо шумораи 3000-умин табрик мекунам. Дар кори пуршарафи машаққатнок омад мехоҳам.

Н.САИДОВА, нафақахӯри маҳаллаи Сӯзангарони шаҳри Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ