Солноманависи Самарқанд

Имсол дар маҷлисгоҳи асосии ДДС ҷашни 30-солагии рӯзномаи «Овози Самарқанд» васеъ ҷашн гирифта шуд. Хабари чопи шумораи 3000-умини онро шунида мамнун шудем. Ҳамаи ин рӯзномаҳо дар худ даври гузашта ва имрӯзаи Самарқандро инъикос кардаанд гӯем, муболиғае нахоҳад шуд. Аз ин ҷиҳат рӯзномаи дӯстдоштаамонро солноманависи Самарқанд гӯем меарзад. Бояд таъкид намуд, ки аксарияти ходимони рӯзнома собиқ хатмкунандагони донишгоҳи мо мебошанд. Муҳаррирон Нор Остонзода, Ғафурҷон Маҳмудов (илоҳӣ ҷойҳояшон дар ҷаннат шавад!), Озод Ҳамидзода ва Баҳодур Раҳмонов, инчунин, адиб ва рӯзноманигорон Адаш Истад, Тошқул Азимзода, Мирсафо Камолӣ, Зоҳир Ҳасанзода ва дигарон собиқ донишҷӯёни донишгоҳ ҳастанд.
Ҳоло ҳам як гурӯҳ ҷавонон бо дипломи донишгоҳ дар ин даргоҳ адои вазифа мекунанд.
Чанде пеш дар Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус бо иштироки ректорҳо ҷамъомади бонуфузе баргузор гардид. Ман таклиф кардам, ки дар донишгоҳи мо шӯъбаи журналистика таъсис карда шавад. Зеро дар вилояти Самарқанд рӯзномаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ, ширкати симо ва садо фаъолият дошта, ба мухбирон эҳтиёҷ калон аст. Ғайр аз он, дар ҳар як корхонаву ташкилот вазифаи котиби матбуот ташкил шудааст.
Камина аз имконият хушбахтона истифода бурда, ҷамоа ва муштариёни «Овози Самарқанд»-ро бо шумораи сеҳазорумин табрик мегӯям ва комёбиҳои нав ба нав таманно дорам.

Рустам ХОЛМУРОДОВ, ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, сенатор

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ