Даргоҳи муқаддас Ба нодонӣ ар бандагон сар кашанд,Худовандгарон қалам даркашанд.САЪДӢ.Ба нодонӣ ар бандагон сар кашанд,Худовандгарон қалам даркашанд.САЪДӢ.

Ман аз айёми бачагӣ китобхониро хеле дӯст медорам. Ҳанӯз дар синфи 5–6-ум мехондаму маҳсулоти деҳқонии наздиҳавлигиро ба бозори шаҳр фурӯхта, ба як қисми пулаш китоб харида ба хона бармегаштам.
Ман пас аз ҷанг соли 1947 таваллуд шуда бошам ҳам, мардуме, ки азоби ҷангро дидаву ногирон шуда баргашта буданд, занону гулдухтаронеро, ки дар саҳроҳои хоҷагӣ гуруснаву ташна кор мекарданд, бо чашмам медидам. Солҳои чилум ва панҷоҳум гуруснагиву побараҳнагӣ давом меёфт. Ҳама азоби гуруснагӣ мекашиданд ва дар хонаҳои бомаш чаккон зиндагӣ мекарданд. Худи ман синфи якуму дуюмро бо калӯши даридагӣ ба охир расонида будам. Ҳоло аз хотирам фаромӯш намешавад: дар синфи чорум мехондаму модарам як халта себқоқро пиёда ба бозори Бибихонум фурӯхта, ба ман мӯзача харида омад. Ман хеле хурсанд будам ва шабҳо мӯзачаамро дар паҳлӯям монда, хоб мерафтам. Модароне, ки писаракони ҷавонашон аз фронт барнагаштанд, то охири умр раҳпоӣ мекарданд. Ман, ки гувоҳи ҳамаи инҳо будам, солҳои тӯлонӣ онҳо маро ором намегузошт.
Аз ин 20–25 сол пеш, ин дардамро ба дӯсти ҳамсинфам, журналисти шинохта, Аълочии таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Раҳматилло Шарифзода баён кардам ва ӯ гуфт:
– Ҷӯра, шумо ҳамаи онҳоро нависед як чизи нағз мебарояд.
Аммо ташвиши зиндагӣ имкон намедод, ки ман қалам ба даст гирам. Шукри Худо, охири моҳи декабри соли 2016 нахустин ҳикоячаамро ба дафтари 12-варақа навиштам. Ман, ки мухлиси рӯзномаи «Овози Самарқанд» будам, бо як умеди калон ба редаксия омадам. Дар даромадгоҳ фаҳмидам, ки Раҳматилло Шарифзода ба нафақа баромада, аз кор рафтаанд. Хостам аз роҳам баргашта, аз баҳри навиштан бароям. Дар дунё одамони хуб хеле бисёранд. Посбон меҳрубонона пурсид, ки ман бо чӣ хизмат омадаам.
– Ман як ҳикоячае навиштаму мехоҳам ба ягон кас нишон дода, маслиҳате бигирам.
– Шумо назди Бахтиёрака дароед, он кас ба шумо ёрӣ медиҳанд.
– Он кас Бахтиёри Ҷумъа не? Ман мақолаҳояшонро бисёр мехонам.
– Айнан ҳамон кас, марҳамат ба наздашон дароед.
Ман вориди роҳрав шудаму бо сад андеша қадам мепартофтам ва худ ба худ мегуфтам:
– Ман адабиётшинос нестам, маро қабул мекарда бошанд?
Дар ҳамин вақт аз рӯ ба рӯям шахсе меомад, бо ман ниҳоят хоксору меҳрубон пурсупоси самимӣ карда, ба кӣ кор доштанамро пурсид.
– Ман ба Бахтиёри Ҷумъа кор дорам.
– Бахтиёри Ҷумъа ман ҳастам, – гуфту ӯ маро ба хонаи кориаш таклиф кард.
Ман арзамро гуфтам ва илова кардам, ки филолог нестам. Он кас ними варақро хонду гуфт:
– О, ҷумлабандиҳо нағз-­ку, хонда мебароем, агар маъқул шавад, чоп мекунем.
Ҳикоя пас аз 2-3 рӯз чоп шуд. Онро дида аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷидам ва дилам мисли кӯҳ бардошта шуд. Бо роҳбарии ин шахси софдилу инсондӯст як қатор ҳикояву мақолаҳоям чоп гардиданд.
Ман 3-4 сол боз ба ин даргоҳ омаду рафт дорам ва хуб дарк кардам, ки ҳамаи ходимони идора ба мисли Бахтиёри Ҷумъа, Тошқул Азимзода, Комил Ҷӯразода, Ҷамшеди Асрор, Лола Раҳимова, Дамир Нуров, сарҳисобчӣ Қудратхон Тӯраев ва дигарон хеле фазилатҳои олиҷаноб доштаанд. Аз корафтодагон ёрии беминнати худро дареғ намедоранд ва вазифаашонро бо ҷону дил иҷро мекунанд. Ба туфайли рӯзнома ва ёриву дастгирии ходимони он китоби «Ҳурмати шири сафед» эҷод гардид, ки бисёр мамнунам.
Имрӯзҳо бо сарварии олим Баҳодур Раҳмонов рӯзномаи «Овози Самарқанд» боз ҳам зебову пурмаъно ва бой гардида истодааст. Чӣ хеле, ки дӯсти ҷомбойиам гуфта буд:
– «Овози Самарқанд» газетаси жуда кӯпқиррали экан ва бу йил, албатта обуна бӯламиз.
Ман тамоми ходимони рӯзномаро бо чопи шумораи 3000-ум табрик мегӯям, ба кору эҷод ва ҳаёти шахсии аҳли ин даргоҳи муқаддас муваффақиятҳои калон орзумандам.

Шодмон АМОНУЛЛОЕВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ