Дастгир бошем, на айбҷӯ

Абуабдуллоҳ Ҷаъфар аз деҳаи Рӯдак қад-қади дарёи пуртуғёну муборизи суғдӣ роҳ тай карда, бо мақсади неку олӣ, баҳри илму омӯзиш ба маскани илму фарҳанг Самарқанд омад. Толибилми мадрасаи муборакшаҳр аз устодон фарҳангу ҳикмат биомӯхт. Донишу хирад рӯҳи ӯро сайқал медод ва пайваста ғазалу рубоӣ месуфт:
Ҳеч ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ, рӯй ба ин ганҷ неҳ.
Ворисони Рӯдакӣ то, ки соҳиби рӯзномаи худ шаванд, як зумра равшанфикрони шаҳри бостонӣ ба ин мақсад бо даву ғеҷ, бо талошҳо, бо ранҷу заҳмат ноил гардиданд. Таъсиси рӯзномаи вилоятии тоҷикӣ, орзуи деринаи самарқандиён, таҳти назорати Аввалин Президенти кишвар Ислом Каримов ҷомаи амал пӯшид.
Ҳа, нашри шумораи нахустини рӯзнома бо ранги гунбадҳои нилгуни шаҳри ҳумоюн аз дастгоҳи чопӣ баромад. Он вақт ман ҷавони бистсола будам, хурсандии мо ҳадду канор надошт. Хабари мавлуди туро аксар расонаҳои ахбори оммавии Ӯзбекистону Тоҷикистон бо акси саҳифаи аввали рӯзнома чоп карданд. Ба васфат шоирон шеъру ғазал навиштанд.
Ту дар майдони сухан наҳаросида, баробари рӯзномаҳои солдидаву пуртаҷриба қувваозмои кардӣ. Гарчанд шароити кориву эҷодӣ набуд, мутахассисон ангуштшумор, вале бо вуҷуди он рӯҳи замонро ҳис карда, бо ҷомеа ҳамнафас, ташвишу дарди муштариёнро баён кардӣ. Ин боиси афзудани сафи хонандагон гардид ва адади нашр то ба 18 ҳазор расид. Бо мақолаву хабар, бо навгониҳои аз якдигар мароқнок ва нафаси рӯзро ба қалби муштариён расонида, бедор кардани меҳри хонандагон осон нашуд. Дар давоми солҳо, бо азму иродаи устувори ҳайати таҳрир ба овози ҳақиқии халқ табдил ёфтӣ. Пайваста барои рангину пурмазмун ва хондани гардидани саҳифаҳоят хидмати ходимони заҳматкаш калон мебошад. Солҳои наввад бӯҳрони иқтисодии бозор ба ту ҳам таъсири худро расонд. Теъдоди нашр оҳиста-­оҳиста кам шуд. Баъди ба худтаъминкунии иқтисодӣ гузаштан якчанд маротиба қариб буд, ки фаъолиятӣ худро боздорӣ. Аз ин тирадилон болиданд. Аммо бо ҷоннисории мухлисони ашаддӣ ва сардабирони кордону дурандеш барои рушду нумӯи ту, рӯзномаи азиз, кӯшиши зиёде ба харҷ доданд. Ту аз нав қувва гирифта ҳамчун минбари маърифату маънавият ва фарҳангу адаб ба мардум хидмат менамоӣ, муштариёни худро бо ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии вилоят ошно мегардонӣ.
Сӣ сол ба гуфтан осон, аммо дар асл роҳи пурпеч ва шебу фарози зиндагиро тай кардан осон нест. Нашуда мутеъи дигарон, дар ҷодаи душвор, бо қадамҳои устувор, чун шафақи субҳ дамиди ҳар бор. То имрӯз бисёр вазъиятҳои шикастоварро паси сар карда, дар душворӣ ва санҷишҳои вазнин, бо талошу муборизаҳо мавқеи худро аз нав барқарор кардӣ.
Сармуҳаррирон, ҷонишинон ва ҳайати эҷодӣ барои гуногун намудани мазмун, лиҳози ғоявию бадеӣ, дониш ва маҳорати худро дареғ надоштанд. Кӯшиш доранд рӯзномаи «Овози Самарқанд» дар ҳар хонадон бошад.
Дар давоми сӣ сол садҳо нафар ба идораи таҳририят ба кор омаданд. Мувофиқи донишу истеъдод ва маҳорат дар вазифаҳои гуногун фаъолият бурданду мебаранд. Кӣ бо хоҳиши худ аз кор рафт, баъзеҳоро ҷавоб доданд. Дар ҳамаи корхонаҳо ҳам коргар ба талаб ҷавоб надиҳад, ба фаъолияти коргоҳ сусткашӣ намояд, хоҳу нохоҳ роҳбар маҷбур мешавад ихтисор кунад. Дар давоми фаъолияти сардабирон дар таҳририят ҳам чунин вазъиятҳо шуд. Ҳамкороне, ки то аз кор рафтан «Рӯзнома ҷону дилам, фидоят ман», – гуфта мегаштанд, баъди ихтисор шудан муносибаташон ранги дигар мегирифт. Ба остонаи идора қадам намемонанд, обуна намешаванд. Аз ҳар нашри рӯзнома айбёбию айбҷӯйи кардан чӣ суд? Худро ҳақ, дигаронро ноҳақ шуморидан аз рӯйи адолат нест.
Кори рӯзнома таъҷилӣ. Дар рӯзҳои нашри шумора ҳангоми саҳифабанди маводҳо иваз мешаванд, хабарҳои расмӣ меояд ва беихтиёр саҳв мегузарад. Мухлисони софдил ба идора омада донишу маҳорат ва маслиҳату кӯмаки худро дареғ надоранд, нур болои нур мегашт. Ҳа, дастгир бошем, на айбҷӯ. Мададгор бошем, на тамошобин.
Албатта дилозори осон, дилёби кори душвор. Мо бояд мулоҳиза ронда аввало нуқсонро аз худ ҷӯем. Табиати одамизод аҷоиб, гоҳ ду-­се кас рос­ту дурӯғ таъриф кунад, қалбамонро ифтихор ва ғурур пахш мекунад. Мабодо дилсӯзона камбудиҳоямонро гӯяд, чашми дидан надорем.

То нону насиба ҳамроҳ буд ва аз набудани имконият ду маротиба бо хоҳиши худ аз идораи «Овози Самарқанд» аз кор рафтам. Маро бубахш рӯзнома! Корпартоӣ кунем ҳам, борпартоӣ карда наметавонем, зеро масъулияти забони модарӣ дар дӯши ҳамаи мост. Ниёгон то мо расониданд ва мо бояд ба насли оянда покиза ва беолоиш расонем. Бо вуҷуди серкори бо таҳририят муносибатро накандам. Ҳар сол ба рӯзнома обуна мешавам, маводҳо мефиристам. Мабодо ёрии ман лозим шавад, бо ҷону дил ба ҳамкорон ёрӣ мерасонам. Худро коргари собиқ не, балки дар куҷое набошам аъзои ҳайати эҷодии овозиён ҳисоб мекунам. Рӯзномаи азиз, муваффақият ва бурдбориатро таманно дорам!
Ҳазорон нафар аз идораи Ту касби рӯзноманигориро омӯхтанд. Дар мактаби маҳорат эҷодкорони ҷавонро тарбия намудӣ, ки яке истораи тобон, дигаре чун наҷми паррон шуд.
Илму маърифат барои инсон наҷот аст. Ҳазрат Имом Бухорӣ гуфтааст: «Дар дунё аз илм дигар наҷот нест». Ҳамватани бузурги мо – Имом Абу Мансур Мотуридӣ дар рисолаи «Пандномаи Мотуридӣ» ба тарбияи насли наврас эътибори калон додааст. Мотуридӣ дар ҳикматҳои худ инсонро ба роҳи илму маърифат тарғиб намуда мегӯяд: «Калиди роҳи рост дар илм аст», «Мартабаю иззатро аз илм дарёб». Ҳамаи китобҳо аз Рӯдакӣ то Лоиқ саросар панданд, пас чаро мо онҳоро мутолиа намекунем? Ба фарзанду аҳли оила хонданро тарғиб намекунем? Умри азиз ва вақту фурсатро аз даст медиҳем.
Нисбат ба телевизор ё радио шахсан ба ман рӯзнома маъқул аст. Солҳо гузарад ҳам, рӯзномаро гирифта хондан мумкин. Дар бойгонии камина рӯзномаҳои якчандсола маҳфуз аст, фурсат ёфта, боз онҳоро мехонам. Воқеа ва ҳодисаҳои гузаш­та ба хотир меояд. Дар мавсими обуна хешу табор, дӯсту ошноро барои обуна тарғиб мекунам. Афсӯс, ки баъзе ҳамдиёрон гап аз рӯзномаву обуна равад, баҳонае пеш меоранд, ки «чашмонашон ба ҳарфҳо намегузарад ё маънои калимаҳоро намефаҳманд». Дар тааҷҷуб мемонам. Наход инсон забони модарии худро надонад, нафаҳмад.
Рӯзнома ба мо чӣ дод не, балки мо барои рушду равнақи рӯзнома чӣ кардем?- аз худ пурсем беҳтар аст. Таъсиси ин рӯзнома чандон осон набуд. Моро зарур аст, ки заҳмати аҳли фарҳанги Самарқандро қадр карда, барои пойдории рӯзнома ҳаракат кунем. Бо маҳсули эҷоди худ барои рангорангии саҳифаҳои он саҳм гузорем. Рӯзномаи «Овози Самарқанд» – овози мо, розгӯйи дили мо, боиси ифтихори мост. Рози дилро бо воситаи он баён месозем. Бигузор рӯзнома ширинтару гуворотар, буррову нафосатнок гардад. Биёед дӯстон, ҳама аз як реша, мо фарзандони як диёр ҳастем, ба рӯзнома содиқ бошем.
Ҳамҷиҳатона кӯшиш кунем, ки рӯзномаи маҳбуб – «Овози Самарқанд» машъалафрӯзи ҳар хонадон шавад!

Комил ҶӮРАЗОДА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ