Овози дили мо

«Овози Самарқанд» – овози дили мост. Овози мардуми фарҳангдӯс­ти Самарқанд аст. Ҳадафи аслии ин рӯзнома, ки тӯли 30 сол нашр мешавад, некӯст, яъне хизмати беғаразона ва сидқидилона ба мардум, миллат ва кишвар мебошад. Рӯзнома ҳамчун тараннумгари ҳамдилӣ ва дӯстии халқҳо дар таърихи матбуот ва ҳаёти иҷтимоӣ саҳифаи навро боз кард. Ҳоло аҳли қалами «Овози Самарқанд» ҳама рӯзноманигорони ботаҷриба ҳастанд, ки ҳар як навгонии вилоятро саривақтӣ ба мардум мерасонанд.
Умед дорам, ки рӯзнома тӯли асрҳо дастраси муштариён гардида, чароғи дили мардумро аз нури хирад мунаввар месозад, бобати ҳифзи арзишҳои моддию маънавӣ ва урфу одатҳои миллӣ саҳм мегузорад ва овозаи «Овози Самарқанд» берун аз Самарқанд, на танҳо дар саросари кишвари биҳиштосои Ӯзбекистон, балки дар ҷаҳон доман паҳн мекунад.

Акбар МАҲМУДОВ, раиси Маркази миллию мадании тоҷикон ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ