Дилу ҷони Самарқанд

Инсон баъди ба воя расидан боз ҳам серкортар ва ташвишҳояш зиёдтар мегардидааст. Дар чунин вақтҳо баъзан хабаргириву аҳволпурсии хешу ақрабо аз хотир мебарояд. Баъде, ки дер шуд, одам афсӯс мехӯраду «камтар вақт ҷудо кунам, мешудааст» мегӯяд. Ман чопи шумораи сеҳазорумини рӯзномаи дӯстдоштаамонро хонда, ба қавле ҳисобамро гум кардам. Рӯзҳои хотирмону гуворои дар таҳририят гузаронидаам як-як аз пеши назарам гузаштанд. Лекин барои чизе навиштан ҳеҷ вақт намеёфтам. Агар чизе нанависам, гӯё худро дар назди рӯзномаи азиз, ҳамнафасу ҳамдам – «Овози Самарқанд» гунаҳкор ҳис мекардам. Аз ин рӯ, қалам ба даст гирифтам.
«Овози Самарқанд» дар ҳақиқат дилу ҷони Самарқанд аст. Дар асл ин рӯзнома – рӯзномаи иҷтимоиву сиёсӣ бошад, ки аз он ҳар як кас метавонад дармони дарди дили худро ёбад, оиди ягон масъалаву муаммое маслиҳате бигирад. Аз таърих, маънавият, фарҳанг, забон, адабиёт, умуман кадом соҳае набошад, аз «Овози Самарқанд» маълумоте дарёфт кардан мумкин аст.
Замони мактабхонӣ аз ҳикояву шеърҳои бачагонаи он баҳраманд мегардидаму баъдтар қариб, ки тамоми мақолаҳои онро бо меҳр мехондам. Барои навиштани кори дипломии бакалавриву магистрӣ низ аз бисёр матолиби рӯзнома истифода бурдам. Ба қарибӣ, ки китоби дарсиамон аз нашр баромад, дар он низ аз материалҳои рӯзнома истифода кардем. Алҳол дар тараддуди навиштани рисолаи илмӣ ҳастам ва ҳар як шумораи рӯзномаро ҳамроҳи роҳбари илмии худ – профессор, мудири кафедраи педагогикаи ДДС Кибриё Ҳасанова аз назар мегузаронем. Ҷойҳои заруриро нусхабардорӣ карда, дигар мақолаву ҳикояҳояшро якҷоя таҳлил мекунем. Ҳангоми ба донишҷӯён дарс гуфтан ҳам, албатта дар охири дарс ва ё берун аз дарс оиди ҷавононро дастгирӣ кардани ҷамоаи ин рӯзнома гап мезанем. Якчанд донишҷӯёни мо дар мактаби маҳорати назди рӯзнома хонда, соҳиби сертификати журналистӣ шуданд. Имрӯзҳо мақолаҳои онҳо аз саҳифаҳои рӯзнома ҷой мегираду руҳи онҳоро болида мегардонад.
Пеш аз оғози фаъолияти педагогӣ якчанд муддат дар ин рӯзнома кор кардам ва машаққатҳои обунаро хеле хуб медонам. Муҳаррири рӯзнома Баҳодур Раҳмонов ба ҳар яки мо ҷойҳои муайянеро тақсим мекарданд. Мо барои обуна кардан ба ҳамон манзил мерафтем. Хурдсандиовар аст, ки шахсони маърифатдӯсту рӯзномахон бисёранд, ки шумораи обуначиёни ин рӯзнома сол аз сол меафзояд.
Имрӯзҳо ҷамоаи рӯзнома баробари пуробурангиву пурмазмун чоп намудани рӯзнома, дар шабакаҳои интернет низ хеле фаъол мебошанд. Вақтҳои охир ташкил шудани барномаҳои «Гулчини ахбор», «Смартфони афсонахон», «Дастони моҳир», «Суханварони Самарқанд», «Саодати дӯстӣ», «Панд аз бузургон» ва ғайра гувоҳи суханҳои болоӣ мебошанд. Барномаҳои мазкур барои васеъ кардани ҷаҳонбинӣ, маънавият хизмат мекунанд.
Барои ба ин дараҷа расидани рӯзнома бисёр зиёиёну илмдӯстон, маърифатпарварон заҳмату машаққат кашидаанд. Имрӯзҳо гарчанде аксари онҳо дар ҳаёт набошанд ҳам, лекин ба мақсади худ расидаанд. Зеро, «Овози Самарқанд» дар ҷамъият ҷою мақоми устувори худро дорад ва онро тамоми ҷаҳон медонад, мехонад, аз матолиби он баҳраманд мешавад.

Малика ҶУМЪАЗОДА, устоди факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ