Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Ӯзбекистон намояндагии худро таъсис медиҳад


Дар Ӯзбекистон намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират фаъолияти худро оғоз мекнад. Дар ин бора “Дунё” хабар дод.
Танзила Норбоева, раиси сенати Ӯзбекистон чанде пеш дар сафари худ дар Женева ёддошти таъсиси намояндагии ин созмон дар Ӯзбекистонро имзо карда буд.
Норбоева дар Женева бо Антонио Виторино, саркотиби СБМ мулоқот кардааст.
Антонио Виторино Ӯзбекистонро ба муносибати 173-вум узви созмон шуданаш табрик гуфта ва ба сатҳи нав расидани ҳамкориҳои дуҷонибаро бо мамнунӣ таъкид кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ