Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба ИМА меравад


Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба ИМА сафар мекунад. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар дод.
Гуфта мешавад, ки намояндагони Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Комилов рӯзи 15 ноябр ба ИМА парвоз мекунанд. Сафари онҳо то 22 ноябр идома хоҳад ёфт.
Намояндагони Ӯзбекистон дар 8-умин давраи машварати сиёсии Ӯзбекистон ва ИМА иштирок хоҳанд кард.
Ҳамчунин, дар чорчӯби ин сафар чандин мулоқоти дуҷониба барпо мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ