Соли пур аз зафар

Соли 2020 бе муболиға соли рӯзномаи «Овози Самарқанд» шуд. Дар аввали сол мо гувоҳи ҷашни 30-солагии газетаи дӯстдоштаи худ шудем. Имрӯз шумораи 3000-умини рӯзнома аз чоп баромад.
«Овози Самарқанд» якумин газетаи вилоятӣ буд, ки дар Ӯзбекистон ба забони тоҷикӣ чоп шудааст. Хушбахтона, вай то ҳол мавқеи худро нигоҳ доштааст. Аммо ин барои кормандони содиқи рӯзнома осон набуд. Онҳо чӣ гуна душвориҳоро аз сар гузаронданду чӣ тавр ба боварии муштариён соҳиб шуданд, инро мо нағз медонем.
Шукр, ки «Овози Самарқанд» солҳои охир тағйир ёфта, тадриҷан шакли нав гирифт ва мазмунан бой шуд. Аксарияти мавод ва мақолаҳо аз рӯи талаби хоси журналистика навишта шуда, дарди дили мардумро арзёбӣ ва таваҷҷўҳи хонандаро ба худ ҷалб мекунанд. Рӯзнома шӯҳрат пайдо кард, соҳиби хонандаҳои доимии худ гардид. Аз кӯмаку маслиҳат ва дастгирии ин нашри дилписанд аксарияти хонандагонаш сарфароз ҳастанд.
Барои ба по истодани рӯзнома ёрии моддӣ аз ҷониби муассис – ҳокимияти вилоят нақши калон бозӣ кард. Муассис таҳририятро на фақат бо воситаҳои техникӣ ва мебел таъмин намуд, балки ба 700 нусха газета обунаи ройгон ташкил кард.
Таҳририят ҳар як шумораи онро ба маҳаллаҳо тақсим карда, ба дасти муштариён мерасонад. Аз он ҷумла мо – аҳли маҳаллаи Боғимайдон аз ҳар шумора 50 нусха гирифта, ба шаҳрвандон паҳн мекунем. Дар асоси ин ташаббус ва амали хайр 50 оила, қариб 150–200 нафар пиру ҷавон хонандагони доимии нашрия шуданд. Ин барои онҳое, ки харидану хондани газетаву журналҳоро фаромӯш карда буданд, роҳи ба мутолиаи матбуот ҷалб кардан шуд.
Дӯстдорони ҳақиқии рӯзнома аз таҳририят чиро интизоранд? Мехос­тем, ки дар ҳар як шумораи он навигариҳои охирин, ҳодисаҳои таърихӣ, хабарҳои сиёсӣ ва иқтисодии вилоят акси худро ёбад. Дар бораи одамоне, ки барои ривоҷу равнақи ҷомеа ҳиссаи муносиб мегузоранд, фидокорони илму маърифат мақолаҳо ҷойгир шавад.
Орзумандам, ки рӯзнома ҳамрозу ҳамдами ҳамешагии хонандагон шавад, қалами кормандонаш бурро ва дар инъикоси ҳақиқат сарбаландона фаъолият намоянд.

Тошпӯлод РАҲМАТУЛЛОЕВ, раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Боғимайдони шаҳри Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ