Австрия низ ба карантин рӯ меоварад


Аз 17 ноябр дар Австрия соати комендантӣ ҷорӣ мегардад. Мардум метавонанд фақат барои кор, варзиш, харид, ё барои ёрӣ ба эҳтиёҷмандон ба кӯча раванд. Режим то 6 декабр идома меёбад.
Бино ба хабари Associated Press, Себастян Курс, канслери Австрия дар бораи ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои нав эълон кард.
Дар ин муддат танҳо дӯконҳое кор мекунанд, ки маҳсулоти зарурии аввалдараҷа мефурӯшанд.
Марказҳои истироҳатӣ ва ресторанҳои ин кившар ду ҳафта аст, ки баста шуда ва ҳоло навбат ба китобхонаҳо, сартарошхонаҳо ва толорҳои варзишӣ расид. Ҳамчунин, акнун мактабҳои Австрия таҳсилро ба сурати онлайн идома медиҳанд.
Ба гуфтаи Курс, танҳо маҳдудиятҳои қатъӣ метавонад пеши роҳи бӯҳронро барои соҳаи тандурустӣ гирад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ