Ҷони одам буд

Ҳар касе, ки бо рассоми мониқалам, Арбоби санъати Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Даврон Сафоев як бор вохӯрда бошад, симои ин марди ҳунар як умр аз лавҳи хотираш зудуда намегардад. Ӯ як шахси ниҳоят хоксору камтарин буд. Чашмони мешии беғашу дили софу беолоиш дошт. Мулоимсухану мулоимтабиат буд. Ҳар касе ягон хоҳише намояд, ҳазор як кори худро ба як сӯ гузошта, аввал ҳоҷати он одамро мебаровард. Аз таъсис ёфтани рӯзномаи «Овози Самарқанд» бениҳоят хурсанд буд. Паспорти аввалини газетаро ҳам ӯ кашид. Баъдтар кормандони рӯзнома ҳар гуна хоҳишу илтимосе кунанд, бо дилу ҷон ба ҷо меовард. Ба ин бастаҳои солҳои гузаштаи рӯзномаро варақ занед, баръало гувоҳ мешавед.
Даврон Сафоев соли 1932 дар деҳаи Хоҷа Аҳрори Валии ноҳияи Самарқанд таваллуд ёфта буд. Аввал дар мактаби рақами 9 ва баъдтар дар мактаби рақами 22-и шаҳр хонд. Баробари таҳсил шогирди устоҳои ҳунарманди гачкорӣ шуд. Ба омӯзишгоҳи санъати Самарқанд мерафт. Вале ин омӯзишгоҳ ба Тошканд кӯчиду хатми он ба Даврон Сафоев муяссар нагардид.
Вай пас аз дарсҳо ба дӯкони падараш мерафт. қиблагоҳаш дар яке аз ҳуҷраҳои мадрасаи Шердор сартарошӣ мекард. Дар солҳои ҷанг ва баъдиҷангӣ дар Самарқанд бисёр муҳоҷирон умр ба сар мебурданд ва дар байни онҳо муссавирон ҳам буданд. Вай дар майдони Регистон ба корҳои онҳо зеҳн монда, ба ин касб дил баст. Ҳарчанд падараш хоҳад, ки ӯ пайрави касбаш шавад, вай аз пайи асрори рассомӣ шуд. Солҳои 1951–1953 таҳсили касбии худро дар омӯзишгоҳи бадеии Тоҷикистон давом дод. Ду сол вазифаи саррассомии журнали ҳаҷвии «Хорпуштак»-ро ба ҷо овард. Институти театриву бадеии Тошкандро ба итмом расонида, дар омӯзишгоҳи бадеӣ, музейи санъати тасвирӣ, вазорати маданият ва солҳои 1964–1971 дар вазифаи рассом – ба саҳнагузорандаи Театри академии драмавии ба номи А.Лоҳутии Тоҷикистон кор кард.
Соли 1971 бо хоҳиши Вазорати маданияти Ӯзбекистон барои кори доимӣ ба Театри давлатии опера ва балети Самарқанд омад. Ва ҳамчун рассоми ба саҳнагузоранда ба идомаи корҳои пурмасъулият пардохт.
Даврон Сафоев дар давоми солҳо ба сифати рассоми театр зиёда аз 50 асарҳои драмавӣ, опера ва балетро ба саҳна гузошт. Вай барои намоишномаҳои «Хизматгори ду бой»-и К. Голдонин дар театри Мирзочӯл, «Замини нав»-и А. Қаҳҳор дар театри вилояти Сурхондарё, «Шӯълаи Помир»-и И. Послов, «Рустам ва Сӯҳроб», «Умари Хайём»-и Р. Абдулло дар театри Хоруғ, «Духтари кӯҳистон»-и Р. Ғамзатов, «Дил дили Зайнаб»-и Ш.Қиёмов дар Театри давлатии академии –драмавии Тоҷикистон декоратсияҳо офарид. Операҳои «Бедоршавӣ»-и Н. Зокиров, «Комде ва Мадан»-и З. Шаҳидӣ, «Қалби шоир»-и М. Ашрафӣ, «Кармен»-и Ҷ. Бизе, «Фауст»-и Ш. Гуно, «Фарҳод ва Ширин»-и Ю. Раҷабӣ ва Г. Мушел, балетҳои «Гулсанам»-и М. Юсуфов, «Афсонаи Самарқанд»-и Г. Мушел, «Василисаи зебо»-и А. Берлин, «Достони Рустам»-и М. Ашрафӣ, «Макбет»-и К. Молчанов, «Равшан ва Зулхумор»-и К. Яшин ва Т. Ҷалилов, ки дар саҳнаҳои театри Самарқанд гузошта шудаанд, маҳсули меҳнати эҷодии Даврон Сафоев мебошанд.
Саҳми Даврон Сафоев дар инкишофи жанрҳои дигари санъати тасвирӣ низ калон аст. Вай дар жанрҳои карикатура, портрет, графика асарҳои нодир офаридааст. Бештар аз 60 китоби эҷодкоронро зебу ороиш додааст. Портретҳои офаридаи ӯ – Умари Хайём, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хоҷа Аҳрори Валӣ, Абуабдулло Рӯдакӣ, Имом Бухорӣ ва ғайра дар маҷалла ва китобҳои таърихӣ ҷой дода шудаанд. Зиёда аз 400 асари ҳаҷвии ӯ низ мавқеи муҳим доранд.
Даврон Сафоев бо асарҳои худ дар 32 намоишгоҳи республикавию байналхалқӣ иштирок кардааст. Як қисми асарҳои ӯ дар музей ва коллексияҳои шахсӣ ҷой гирифтаанд.
Вай дар асарҳояш хислатҳои қаҳрамонашро ба хубӣ дарк карда, зебоиҳои ҳаёт, манзараҳои табиат, моҳияти рангҳоро мувофиқи мазмун ҷилодор тасвир сохтааст. Дар портретҳо ҳадафи мусаввири борикбин на танҳо тасвири симоҳо, балки инъикоси инсон, заҳматҳои вай, фалсафаи ҳаётӣ ва пайвастагӣ ботаъхрихи диёрамон аст. Номи неку асарҳои офаридаи ин устоди санъат солҳо аз ёди одамон ва тамошобинони он намеравад.
Даврон Сафоев ҳамчун рассом, як ихлосманди каломи бадеъ ва мухлису ороишгари беғарази рӯзнома 25 сол ҳамдаму ҳамнафаси рӯзнома буд. Ёриву мададашро ҳаргиз дареғ намедошт.

Ёдаш ба хайр, ин устоди санъат 20-уми ноябри соли 2015 аз олам чашм пӯшид.
Ҳоло номи неку кори ӯро дар театр писари арҷмандаш Баҳром Сафоев давом медиҳад.

Б.РУСТАМЗОД

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ