Ҷапаров мақоми раисҷумҳурӣ ва сарвазирии Қирғизистонро аз худ соқит кард


Садир Ҷапаров, раисҷумҳури муваққатии Қирғизистон мақоми роҳбарӣ ва сарвазирии кишварро аз худ соқит кард.
Бино ба хабари маркази матбуотии раисҷумҳури Қирғизистон, ӯ барои иштирок дар интихоботи раисҷумҳурӣ ариза супурдааст. Ӯ ҳамчун шаҳрванди оддӣ дар интихобот иштирок хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки баъди истеъфои Жээнбеков Садир Ҷапаров муваққатан раисҷумҳури Қирғизистон шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ