Идомаи эътирозҳо дар Белорус: дар як рӯз беш аз 400 нафар боздошт шуданд


Имрӯз, 15 ноябр дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск ҳазорон нафар барои ёдбуди хотири Роман Бондаренко, яке аз фаъолони мухолиф, ки рӯзи панҷшанбе фавтид, ҷамъ шуданд. Дар ин бора Евронюз хабар дод.
Низомиён бар зидди эътирозгарон норинҷакҳои (граната) садоафкан ва гази ашковарро истифода бударданд. Дар маркази Минск ҳаракат дар чандин роҳи мошингард маҳдуду баста буд.
Эътирозгарон дар дигар шаҳрҳои Белорус низ ба кӯчаҳо баромаданд. Бино ба маълумоти маркази ҳуқуқи башар – “Весна”, беш аз 400 нафар дар саросари кишвар боздошт шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Роман Бондаренко рӯзи 12 ноябр дар бемористон фавтид. Ӯро аз шӯъбаи пулис ба бемористон оварда буданд. Бондаренко дар кашмакашҳои мухолифон ва пулис боздошт шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ