Ӯзбекистон ба Қирғизистон ёрии инсондӯстона фиристод


Рӯзи 15 ноябр Ӯзбекистон ба Қирғизистон ёрии инсондӯстона фиристод.
Бино ба хабари вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ёрии инсондӯстона иборат аз 100 ҳазор ҷуфт дастпӯши тиббӣ, 10 ҳазор пӯшоки тиббӣ, 2 ҳазор айнаки тиббӣ, 10 ҳазор тести ташхиси коронавирус, 5 ҳазор қуттӣ доруи Ремдесивир, ҳазор қуттӣ Гепарин, 4 ҳазор дона натрий хлор, сӯзандору ва система иборат буд.
Ба зудӣ Ӯзбекистон қисми дувуми ин ёрии инсондӯстонаро ба Бишкек мефиристад. Ин бор 3 000 ҳазор тонна гандум ва 400 дона контейнери махсус барои карантин тақдими кишвари ҳамсоя мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ