Қаҳрамони Ӯзбекистон Ҳасан Нормуродов 81 сола шуд

Сарвари нурониёни вилояти Самарқанд, арбоби давлатӣ ва ҷамоатӣ Ҳасан Нормуродов, дар деҳаи Кичик кӯрпаи ​​ноҳияи Каттақӯрғон таваллуд шудааст. Солҳои дароз дар соҳаи таълими халқ, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ кор кардааст.

  • Вазифа, мартаба барои инсон на барои худнамоӣ ва кибру ғурур, балки баҳри бо амалҳои нек дар дили инсонҳо бунёд кардани гулшани накӯкорӣ дода мешавад, — мегӯяд Ҳасан Нормуродов. — Ҳар роҳбаре, ки ин қоидаро риоя карда кор пеш мебарад, ҳамеша дар мадди назари мардум хоҳад буд.

Ҳ.Нормуродов бо орденҳои «Меҳнати шуҳратӣ» (2008), «Эл-юрт ҳурмати» (2012) ва «Дӯстлик» (2017) мукофотонида шудааст. Соли 2019 ба ӯ унвони «Қаҳрамони Ӯзбекистон» дода шуд.

Ин марди некном ва накӯкорро бо 81-умин солгарди умр сидқат шодбош мегӯем ва саломативу сарбаландиро таманно мекунем!

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ