Роҳбари ҳукумати Қирғизистон таъин шуд


Артём Новиков, муъовини сарвазири Қирғизистон иҷрокунандаи вазифаи сарвазири кишвар таъин шуд. Дар ин бора маркази матбуотии ҳукумати Қирғизистон имрӯз хабар дод.
Иҷрои вазифаҳои роҳбари ҳукумати Қирғизистонро бар асоси моддаи 19-и қонуни “Дар бораи ҳукумати ҷумҳурии Қирғизистон” ба уҳдаи Новиков вогузор карданд.
Ёдовар мешавем, ки Садир Ҷапаров, раисҷумҳури муваққатӣ ва сарвазири Қирғизистон рӯзи 14 ноябр вазифаҳои худро соқит кард. Ӯ мехоҳад, ки дар интихоботи раисҷумҳурӣ иштирок кунад.
Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон хабар додааст, ки то ҳол 63 нафар барои иштирок дар интихоботи раисҷумҳурии кишвар худро сабтином кардаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ