Марде, ки дилаш аз тапиш монд, беш аз 45 дақиқа гузашту бо кӯшиши шифокорон ба ҳаёт баргашт


Марде, ки дилаш муддати 45 дақиқа аз тапиш монда буд, бо талоши шифокорони ИМА ба зиндагӣ баргашт. Дар ин бора рӯзномаи The Seattle Times хабар дод.
Майкл Кнапинскии 45-сола бо дӯсти худ ба боғи миллии Маунт-Рейнири иёлати Вашингтон ба сайру гашт рафт. Вақте, ки бориши барфи шадид оғоз шуд, сайёҳон ба лагер бармегаштанд. Ҳангоми бозгашт дӯсти Капински, ки лағжасавор (лижасавор) буд, яке дид, ки Капински ба чашм ноаён шуд. Ӯ ба лагер расид ва ба наҷотдиҳандагон дар бораи гум шудани Капински хабар дод. Чандин гурӯҳи наҷотдиҳӣ ба ҷустуҷӯи Капински раҳсипор шуданд ва ӯро беҳуш рӯи барф пайдо карданд.
Сайёҳро фавран ба бемористон интиқол доданд. Дар ин ҳангом дили ӯ аз тапидан монда буд. шифокорон 45 дақиқа барои наҷоти Капински талош карданд ва тавонистанд, ки ӯро ба ҳаёт баргардонанд.
Сомон Арбобӣ, шифокори бемористон гуфт, “Ӯ аз мурдан баргашт… Дили ӯ дар муддати беш аз 45 дақиқа аз тапиш монда буд. Ин аҷоиб аст”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ