Шерзод Тошматов витсе-президенти Кумитаи олимпии миллӣ гардид

Дирӯз Сарассамблеяи Кумитаи олимпии миллӣ (КОМ) ҷамъомад гузаронд. Дар он Шерзод Тошматов, ки то ин вақт раиси ассотсиатсияи таэквондо WT мебошад, дар КОМ ба лавозими витсе-президент интихоб шуд. Ш.Тошматов дар солҳои 2014-2019 ба сифати витсе-президенти Федератсияи бокси Ӯзбекистон фаъолият нишон додааст. Дар ин вақт муштзанҳои ӯзбекистонӣ дар бозиҳои олимпиадаи Бразилия 7-то медалро соҳибӣ карданд. Ш.Тошматов баробари раисии таэквондо WT ба сифати ҷонишини раиси ассотсиатсияи ММА-и Ӯзбекистон фаъолият пеш мебарад. Инчунин, ӯ аз соли 2010 витсе-президенти Федератсияи муайтайи ҳаваскории Осиё ба ҳисоб меравад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ