Дар Қароқалпоқистон боғи табиати миллии «Устюрти Ҷанубӣ» ташкил мегардад

Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон қарор «Дар бораи ташкил кардани боғи табиати «Устюрти Ҷанубӣ» қабул кард. Мувофиқи қарори Президенти мамлакат аз 20-уми марти соли 2019 «Дар бораи чораву тадбирҳои такмили сохтори идораи давлат дар соҳаи ҳудудҳои табиии ҳифзшаванда дар ҳудуди Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон боғи нави табиати «Устюрти Ҷанубӣ» ташкил мегардад. Дар ноҳияи Қӯнғироти Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон дар шакли муассисаи давлатӣ боғи табиати миллии «Устюрти Ҷанубӣ»-и иборат аз 1447143 гектар майдон ташкил мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ