Шоҳҷаҳон Эргашев дар набарди навбатӣ бо нокаути техникӣ ғолиб омад

Дирӯз, 16 ноябр Шоҳҷаҳон Эргашев 19-умин ҷанги худро дар бокси ҳирфаӣ анҷом дод.

Қувваозмоӣ байни муштзани Беларус Дмитрий Милюша (9-4-1, 4 КО) ва Эргашев дар вилояти Маскав баргузор шуд. Мубориза ду раунд давом кард.

Пас аз даври дуввум Милюша дарди сари синаашро ҳис кард ва табибон ба ӯ иҷозаи идомаи мубориза надоданд. Ҳамин тариқ, Шоҳҷаҳон рақиби худро бар ивази нокаути техникӣ мағлуб кард.

Ин ғалабаи 19-уми Шоҳҷаҳон Эргашев дар 19-ум ҷанг буд. Вай инчунин муборизаи 17-умашро бо нокаут анҷом дод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ