Ӯзбекистон ба Қирғизистон 3 ҳазор тонна гандумро ҳамчун ёрии инсондӯстона фиристод


Имрӯз, 17 ноябр 3 ҳазор тонна гандум тавассути роҳи оҳан ба Қирғизистон фиристода шуд. Ин як қисм аз ёрии инсондӯстонаи Ӯзбекистон ба Қирғизистон буд.
Бино ба хабари “Ӯзбекистон темир йӯллари”, қаторае, ки ёрии инсондӯстона дар он ҳамл шудааст, ба шаҳри Ӯш меравад.
Ёдовар мешавем, рӯзи 15 ноябр ҳукумати Ӯзбекистон бо ҳавопаймои махсус ба Қирғизистон ёрии инсондӯстонаи худро, ки иборат аз доруҳо ва лавозимоти тиббӣ фиристода буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ