Футзалбозони Ӯзбекистон дар бозии дӯстона Қирғизистонро мағлуб карданд


Чанд лаҳзае пеш дар шаҳраки Олмалиқ ҷамоаҳои миллии футзали Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар бозии дӯстона рӯбарӯ шуданд. Бозӣ бо ғалабаи Ӯзбекистон бо натиҷаи 2 бар 1 ба поён расид.
Голҳоро дар таркиби Ӯзбекистон Хушнур Эркинов ва Элбек Тӯлқинов ва дар таркиби Қирғизистон Нурсултон Абдидаев ба номи худ сабт карданд.
Ҷамоаи футзали Ўзбекистон дар ин бозӣ бо ин таркиб вориди майдон шуд:

  1. Аббос Элмуродов, 5. Анасхон Раҳматов, 6. Илҳом Ҳамроев, 9. Дилмурод Шавкатов, 10. Даврон Чориев
    Захира: 12. Равшан Элибоев, 2. Хушнур Эркинов, 3. Машраб Одилов, 4. Авазбек Абдвувалиев, 7. Дилшод Раҳматов, 8. Ҳусниддин Нишонов, 11. Акбар Усмонов, 13. Дилшод Ҷумъаев, 14. Элбек Тўлқинов, 15. Суннатилла Ҷўраев, 17. Давлат Ибрагимов.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ