ИМРӮЗ ЗОДРӮЗИ ОЛИМИ АДАБИЁТШИНОС, ХОДИМИ НАМОЁНИ ДАВЛАТӢ ВА ҶАМОАТӢ, НОМЗАДИ ФАНҲОИ ФИЛОЛОГӢ, СОБИҚ САРМУҲАРРИРИ РӮЗНОМАИ «ОВОЗИ САМАРҚНАД», ШОДРАВОН ҒАФУРҶОН МАҲМУДОВ МЕБОШАД. ЁДАШОН БА ХАЙР!

Ғафурҷон Маҳмудов (Маъруфӣ) 17-уми ноябри соли 1952
дар деҳаи Талибарзуи ноҳияи Самарқанд дар хонадони ходими намоёни давлатӣ ва ҷамоатӣ Маҳмудбек Маъруфӣ таваллуд ёфтааст. Пас аз таҳсил ва хатми мактабҳои 40, 41 ва
33-юми зодгоҳ чанд сол дар идораи бинокории рақами 15
устогӣ кард. Меҳри адабиёт ва санъат, ки дар дили ӯ аз сӯҳбати орифонаи падар ва модари фарҳангпеша ҳосил гардида буд, Ғафурҷонро аз сафи донишҷӯёни факултаи филологияи ӯзбек ва тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҷой
гиронд.
Ғ.Маҳмудов солҳои 1976-1978 ходими Кумитаи иттифоқи
ҷавонони ноҳияи Самарқанд буд. Аз соли 1978 аз паи кори
илмӣ шуда, аспиранти Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе гардид. Солҳои 1981-1987 ҳамчун ходими пешбари
шӯъбаи илмии Донишгоҳи давлатии Самарқанд фаъолият
дошт. Ҳисси ташаббускорӣ ва навҷӯии ӯ буд, ки соли 1993
декани факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии
Самарқанд таъин гардид. Солҳои 1996-1997 докторанти Донишкадаи адабиёти Академияи Улуми Ӯзбекистон буд. Аз
худи ҳамон сол чун дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики ДДС
пазируфта шуд.
Ғафурҷон Маҳмудов, ки муаллифи асарҳои зиёди илмӣ, адабӣ ва тадрисӣ, муштарии доимии рӯзномаи “Овози Самарқанд” буд, моҳи октябри соли 1998 сармуҳаррири рӯзнома таъин гардида, барои афзоиши адади нашр, ғанигардонии пойгоҳи моддиву техникӣ ва маънавии идораи рӯзнома
то нафаси охирини умри худ — 20-уми январи соли 2011 ҳиссаи босазо гузошт.
Ғафурҷон Маҳмудов намояндаи Шӯрои намояндагони
халқи вилоят, номзади фанҳои филологӣ ва муаллифи чанд
рисолаҳои илмӣ ва китобҳои дарсӣ буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ