Раисҷумҳури Арманистон аз сарвазир Пашинян дархост кард, ки истеъфо диҳад


Армен Саргсян, раисҷумҳури Арманистон аз сарвазири кишвар Никол Пашинян дархост кард, ки истеъфо диҳад, интихоботи пеш аз муддати порлумониро роҳандозӣ кунад ва идораи давлатро ба ҳукумати ваҳдати миллӣ диҳад. Дар ин бора Евронюз хабар дод.
Армен Саргсян гуфт, ки баъди машваратҳои чандин бо нерӯҳои сиёсӣ ва намояндагони ҷомеаи кишвар хулоса кард, ки бояд сарвазир истеъфо диҳад.
Ҳоло дар Ереван эътирозгарон намоишҳоро идома медиҳанд. Онҳо истеъфои Пашинянро талаб мекунанд. Мардум ҳукуматро муттаҳам мекунанд, ки дар муддати тӯлонӣ ба ҷойи мустаҳкам кардани мудофиа ва иқтисоди кишвар ба ҷамъоварии молу сарват машғул шудаанд. Онҳо ҳукумати феълиро ба натавонистани пешгирӣ аз мағлубият дар ҷанги Қаробоғ айбдор мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ