Ӯзбекистон дар феҳристи равнақ дар паллаи 97-ум ҷой гирифт


Пажӯҳишгоҳи Legatum Institute феҳристи ҷаҳонии ҳамасолаи Legatum Prosperity Index-ро (Феҳристи равнақи Legatum) мунташир кард.
Ӯзбекистон дар ин феҳрист нисбат ба соли гузашта 5 палла болотар рафт ва дар зинаи 97-ум ҷойгир шуд.
Таҳиякунандагони феҳрист ба кишварҳо аз рӯи 9 меъёр баҳо медиҳанд. Сатҳи рушди иқтисодӣ, муҳити тадбиркорӣ, самарбахшии идораи давлатӣ, таълим, тандурустӣ, амният ва озодии шахс, сармояи иҷтимоӣ ва рушди муҳити экологӣ ин меъёҳо ҳастанд.
Муаллифон ба сармояи иҷтимоӣ, тандурустӣ ва амнити Ӯзбекистон баҳои баланд додаанд. Муҳити экологӣ, озодии шахс ва самарбахшии идораи давлатӣ ҳамчун тарафҳои заъифи Ӯзбекистон нишон дода шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ