Ҳамовози дили мардум

Рӯзи 14-уми ноябр дар Хонаи матбуоти вилоят ба муносибати чопи 3000-умин шумораи рӯзномаи «Овози Самарқанд» таҳти мавзӯи «Ӯзбекистони нав – ҷаҳонбинии нав» вохӯрӣ доир гардид.
Шоиру нависандагон, мухбирони фаъоли рӯзнома, кормандони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, инчунин, ҷавонони фарҳангдӯст иштирокдори тадбир буданд.
Вохӯриро сарвари Садорати ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии вилоят Манноб Ибодуллоев ифтитоҳ бахшида, дар бораи дастовардҳои рӯзномаи «Овози Самарқанд» дар солҳои охир ҳарф зад.
Сипас, рӯзноманигори ботаҷриба, раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Боғимайдон Тошпӯлод Раҳматуллоев, сармуҳаррири рӯзномаи «Субҳи Гулобод»-и ноҳияи Самарқанд Нормурод Каримзода, марди фарҳангдӯст Беҳрӯз Маъруфӣ, сухандони маъруф Шаҳло Аҳророва, шоир ва ношир Асадулло Шукуров, раиси Маркази миллӣ-­мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят Акбар Маҳмудов ва дигарон дар бораи мазмуну мундариҷаи рӯзнома, беҳгардии пойгоҳи моддиву техникии таҳририят, ташаббусҳои ҷамоаи рӯзнома бобати васеъ намудани доираи фаъолияти таҳририят ва масъалаҳои дигар ҳарф заданд.
Зикр гашт, ки соли ҷорӣ бо ташаббуси ҳокимияти вилоят қариб 1000 нафар собиқадорон ва нурониёни маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ба рӯзнома бепул обуна гардиданд ва дар давоми сол имкони мутолиаи «Овози Самарқанад»-ро соҳиб шуданд. Инчунин, доир ба таърихи таъсиси рӯзнома, аҳамияти он дар ҳаёти иҷтимоии вилоят ҳарф заданд.
– Вақте ки бо мундариҷаи рӯзнома аз наздик шинос мешавем, пай мебарем, ки он ҳамнафасу ҳамқадами замон аст ва ҳамовози дили мардум гардидааст, – гуфт сухандон Шаҳло Аҳророва. – Имрӯз рӯзномаи «Овози Самарқнад»-ро дар як доираи маҳдуд не, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ мехонанд, медонанд ва дар баробари ин мешунаванд. Чунки аз тарафи таҳририят дар саҳифаҳои иҷтимоии рӯзнома мунтазам барномаҳои рангоранги фарҳангӣ ва иттилоотиву фароғатӣ гузошта мешаванд. Ҳоло 3000-умин шумораи «Овози Самарқанд» чоп гардид ва умед дорем, ки дар оянда 10 ҳазорумин, 100 ҳазорумин шумораҳои он низ дастраси хонандагон мегардад.
Сармуҳаррири рӯзнома Баҳодур Раҳмонов дар бораи фаъолияти рӯзнома, мушкилоти соҳа, заҳмати кормандон, эътибори муассис барои пешбурди кори рӯзнома ва нақшаҳои оянда сухан кард.
Дар идомаи вохӯрӣ, сарояндаи хушхон Ҳазрат Ҳамроқулов, рӯзноманигори собиқадор Мирсафо Камолӣ, шоира Дилшоди Фарҳодзод бо суруду шеърҳои худ тадбирро файзу шукӯҳи идона бахшиданд.
Дар вохӯрӣ ҷонишини ҳокими вилоят доир ба масъалаҳои сиёсати ҷавонон, рушди иҷтимоӣ ва корҳои маънавӣ-­маърифатӣ Хуршед Очилов иштирок кард.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ