Ҷаҳонбинии нав – меваи тағйиротҳои замони имрӯза

Рӯзи 16-уми ноябр дар базмгоҳи Sultan Hall бо ташаббуси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Боғимайдони шаҳри Самарқанд таҳти шиори «Ӯзбекистони нав – ҷаҳонбинии нав» тадбири ватандӯстӣ баргузор гардид.
Дар тадбир ҷонишини ҳокими вилоят Хуршед Очилов, роҳбарони мақомоти давлатӣ, шоиру сарояндагони номдори Ӯзбекистон иштирок карданд.
Ҷонишини ҳокими вилоят дар бораи вазъи пандемия, ислоҳотҳо дар самти саломатӣ ва некӯаҳволии аҳолӣ сухан кард.
Фарҳод Набиев, профессори фанҳои таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар чорабинӣ доир ба ислоҳотҳои имрӯзаи Ӯзбекистон ҳарф зад.
– Ҷаҳонбинии нав аз имрӯз оғоз мегардад, – гуфт профессор ҳангоми суханронӣ. – Аз тарафи роҳбари давлатамон баргузор гардидани ин тадбири ватандӯстӣ барои ҳамаи ҳамватанонамон роҳе ба сӯйи ҷаҳонбинии нав аст.
Вай инчунин дар бораи корҳои созандагӣ, ки дар кишвар анҷом дода мешаванд, рушди тадбиркорӣ, сохтмони манзилҳои арзон ва корҳои амалӣ дар соҳаҳои динӣ, маънавӣ ва маърифатӣ сухан гуфт.
Дар тадбир баромадҳои мусиқиву намоишҳои дилнишини варзишгарон ва хонандагон ҳозиронро хушнуд кард.
Дар охири чорабинӣ роҳбари сектори дуюм, прокурори шаҳри Самарқанд Дилмурод Саидқулов ва раиси маҳалла Тошпӯлод Раҳматуллоев ба фаъолони маҳалла ташаккурнома супурданд.


Имрӯз, 17-уми ноябр дар қасри фарҳангии «Нурафшон» аз ҷониби маҳаллаи «Дарғам»-и шаҳри Самарқанд низ чунин тадбир гузашт.
Дар он вакили Шӯрои намояндагони халқи шаҳри Самарқанд Б. Раҳмонов иштирок кард.
Нахуст видеонавори кӯтоҳ оиди гузаштаву имрӯзи кишвари мо нишон дода шуд.
Сипас, чорабинӣ бо рақсу суруд ва шеърхонӣ идома дод.
Бояд гуфт, ки чорабиниҳои маънавию маърифатӣ таҳти шиори «Ӯзбекистони нав – ҷаҳонбинии нав» дар маҳаллаҳои тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят идома доранд.

Ш.КЕНҶАЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ