Тадбирҳои тарғиботӣ – ба дилҳо сурур мебахшанд

Дар Мактаби бачагонаи мусиқа ва санъати рақами 24-и шаҳри Сакмарқанд зери шиори «Ӯзбекистони нав- ҷаҳонбинии нав» тадбири идонаи маънавӣ-­маърифии маҳаллаи Боғи Фирузаи шаҳри Самарқанд шуд. Дар тадбир вакилони сектори дуввум-прокуратураи шаҳр, адибон, варзишгарон, фаъолони маҳаллаи Боғи Фируза ва дигарон иштирок карданд. Дар фойеи мактаб намоиши маҳсулоти ҳунармандӣ ва санъати маҳалла ташкил карда шуд.
Дар тадбир устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд Сироҷиддин Хӯҷақулов, вакили прокуратураи шаҳр Азамат Турсунов, имом-­хатиби масҷиди Ҳоҷисафои Валӣ Зикриё Мухторов, вакили шӯъбаи Агентии кор бо ҷавонони шаҳри Самарқанд Муҳайё Яхшиқулова, оиди тараққиёти мамлакати озоду обод, ислоҳоти дар тамоми соҳаҳои ҷамъият татбиқшаванда, замонаи тинҷу осоишта, риоя ба қоидаҳои гигиенӣ ва санитарӣ, хулқу одоби намунавии ҷавонон ва ғайра сухан карданд. Тарбиягирандагони Ташкилоти таълими томактабии рақами 109, хонандагони мактаби таълими умумии рақами 5 бо иҷрои сурудҳо дар васфи Ватан – модар, ҳифзи кишвар ва иҷрои рақсҳо табъи ҳозиронро болида сохтанд.
– Дар маҳаллаи мо 2052 нафар аҳолӣ, намояндагони қариб 10 миллат аҳлона зиндагӣ мекунанд. Дар қисми аввали тадбир ҳунарманд ва санъатдӯстони маҳаллаамон маҳсулоти гуногуни худро намоиш доданд. Хурду калон аз баромадҳои ҷолиб кайфияти хуб гирифтанд, – гуфт раиси маҳаллаи Боғи Фируза Амирхон Бақоев.
Дар поёни тадбир иштирокчиёни фаъол бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.

Ҷамшеди АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ