Коронавирус “яксола” шуд


17 ноябри соли 2019 дар вилояти Хубэйи Чин аввалин мубталои навъи нави коронавирус – COVID-19 ба сурати расмӣ сабт шуд. Аз ин рӯз ба баъд коронавирус ба саросари ҷаҳон бо суръати тез паҳн шуд.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 11 марти соли 2020 паҳншавии коронавирусро ҳамчун пандемия эътироф кард.
Баъди 4 рӯз, 15 март дар Ӯзбекистон якумин ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд.
Ҳоло дар саросари ҷаҳон беш аз 55 миллион нафар мубталои коронавирус шудаанд. Беш аз 1,3 миллион нафар бар асари коронавирус фавтиданд. Беш аз 38 миллион нафар бемориро паси сар карданд.
ИМА аз рӯи шумори беморон якумин кишвари ҷаҳон аст. Дар ИМА беш аз 11,5 миллион нафар гирифторӣ коронавирус шудаанд. Ҳиндустон аз ин ҷиҳат дувум (беш аз 8,8 миллион бемор) ва Бразилия савум (беш аз 5,8 бемор) мебошад.
То соати 14.00-и 17 ноябр дар Ӯзбекистон шумори мубталоёни коронавирус 70 509 нафар буд. 67 734 нафар шифо ёфтаанд ва тақрибан 600 нафар қурбони вирус шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ